Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада ба безабонҳо ҷойи кор дод


Дар шаҳри Хуҷанд дар субҳи рӯзи сешанбеи 14 – уми апрел нахустин корхонаи хос барои ҷавонони безабон боз шуд. Ин корхона дар навбати аввал танҳо се - чаҳор нафар ин гуна ҷавононро ба кор ҷалб мекунад, аммо аз он ҷиҳат муҳим хонда мешавад, ки аз нахустин иқдомоти мушаххас дар таъмини ҷавонони имконияташон маҳдуд бо ҷойҳои корӣ дар вилояти Суғд аст. Он аз як коргоҳи нонпазӣ дар заминаи корхонаи собиқи асбобҳои хоҷагӣ, бо номи «Торгмаш» иборат аст.

Дар маросими расмии кушодани он гурӯҳи духтарони муҳассили ягона мактаби безабонҳо дар вилояти Суғд ҳамроҳи омузгорони худ гирд омада буданд. Дар симо ва аз забони имову ишораи онҳо шодиву фараҳмандиашонро хондан мумкин буд. Умеда Худойбердиева, хатмкунандаи мактаби безабонҳо, ки бо забони имову ишорат бо Радиои Озодӣ суҳбат ва муаллимааш Лютсия Тошева лутфан онро баргардон мекард, нақл кард, ки чи тавр вай ба пухтупаз шавқ дорад ва дар мусобиқаи мактабии пазандагӣ миёни духтарон ҷои аввалро ишғол кард ва акнун мехоҳад дар корхонаи навтаъсис кор кунад.

Ягона мактаби барои бачаҳои безабони вилояти Суғд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздики 250 нафар ин гуна бачаҳоро таълим медиҳад. Сеяки онҳо духтарҳо мебошанд. Дар ин ҷо бачаҳо аз синфи 0 то 9 таҳсил мекунанд. Барои волидайни бачаҳои гунги Суғд ин мактаб ягона макони умедест, ки дар он ҷо фарзандонашон таълим ва касбу кор меомузанд. Мавҷуда Алиева, муовини раҳбари ин мактаб мегӯяд, онҳо ба шогирдон умдатан дӯзандагиву пазандагӣ меомузанд. Ба гуфтаи вай, бархе аз онҳоро баъди хатми мактаб як корхонаи дӯзандагии Хуҷанд ба кор мегирад, бархе мустақилона ва ё бо кӯмаки наздиконашон ба худ касбу коре пайдо мекунанд.

Дар вилояти Суғд ба ҷуз як корхонаи махсуси маъбон, ки он ҳам теъдоди маҳдудро ба кор қабул мекунад, дигар корхонаву коргоҳ ва таълимгоҳҳои касбомӯзӣ барои афроди имконияташон маҳдуд вуҷуд надорад. Онаҷон Зоҳидова, модари Ҳурматойи хатмкунандаи мактаби безабонҳо мегӯяд, дар ҳоле ки афроди солим ва бақавле чаҳор ишкелашон бутун дар Тоҷикистон ба худ ҷои кори муносиб ба душворӣ пайдо мекунанд, аз ояндаи духтари безабонаш чандони хушбин нест. Моҳинисо Воҳидова, сокини шаҳри Исфара, ки духтараш Муаттархон низ хатмкунандаи мактаби безабонҳо набуди корхонаҳои махсусро мушкили асосии афроди маъюб ва нуқснок медонад. Ба гуфтаи вай, дар Исфара барои ин гуна касон дарёфти ҷои кор душвор аст.

Ба ҷуз аз маблағгузорӣ ба фаъолияти ду мактаб барои бачаҳои безабон ва ноқисулақл ва як корхонаи маъюбон дар вилояти Суғд, инчунин давлати Тоҷикистон барои бархе аз бачаҳои маъюби вилояти Суғд 60 сомонӣ нафақа таъин кардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи афроди имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистонро 11 ҳазор нафар мегӯяд, вале барномаи рушди СММ теъдоди ин гуна афродро дар Тоҷикистон зери 85 ҳазор медонад.

Коргоҳи нонпазии безабонҳо дар Хуҷанд бо ибтикори созмони маҳаллии «Маркази рушди демократия» ва кӯмаки молии Сафорати Канада, 15 ҳазор доллари амрикоӣ, ифтитоҳ шудааст. Маргарет Скок (Margaret Skok), сафири Канада дар Қазоқистон, Қирғистон ва Тоҷикистон, мустақар дар Алма – Ато, дар маросими ифтитоҳ гуфт, ки афроди имконияташон маҳдуд низ барои омузишу парвариш ва кору иштирок дар зиндагии ҷомеа ҳақ доранд. Хонум Скок афзуд, ҳар давлат масъулияти кӯмак ба афроди имконияташон маҳдудро бояд бар дӯш дошта бошад ва давлати кишвараш бо ин гуна одамон ҳамин тавр муносибат мекунад. Хонум Скок бо ишора ба он ки татбиқи барномаи таъсиси ин корхонаи кӯчаки махсус барои безабонҳо дар Хуҷанд Сафорати кишвараш, се созмони байнулмилаливу чанд созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва мақомоти ҳукумати маҳаллро ба ҳам овардааст, изҳори умедворӣ кард, ин ҳамоиш на танҳо иқтисодӣ, балки маънавӣ ва дар дерпоии фаъолияти нахустин корхонаи безабонҳо муаассир хоҳад буд.

Дар посух ба ин суханони сафири Канада намояндагони созмони ҷамъиятӣ ва мақомоти Суғд ба такрор изҳори миннатдорӣ аз кӯмаки молии ин кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонони безабони тоҷик намуданд. Аммо дар бораи роҳандозии барномаҳои кӯмак ва дастгири афроди имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон аз ҷониби давлати ин кишвар ва ин ки оё аслан ин гуна барномаҳо ҳаст, чизе гуфта нашуд.
XS
SM
MD
LG