Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Фаррух Амонатов дар ҳайати «Томск-400»


Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар ҳайати дастаи «Томск-400» барандаи Ҷоми бошгоҳҳои шоҳмоти Русия дар соли 2009 гардид.

Ин мусобиқа дар шаҳри Дагомис бо ширкати бошгоҳҳои нируманди Русия тӯли 10 рӯз идома кард.

«Томск-400» аз 7 бозии дастаӣ дар 5-тоаш пирӯз шуда, дар як дидор мағлуб гашт ва як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бад-ин тартиб «Томск-400» байни 8 бошгоҳи Премйер-лига мақоми аввалро касб кард.

Дар пирӯзии дастаи ғолиб гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов саҳми арзанда гузошт. Ӯ, ки дар 6 бозӣ ширкат варзид, 2 ғалаба ба даст оварда, 4 бозиро мусовӣ анҷом дод. Бахусус ғалабаи Амонатов дар даври охирин бар Андрей Ричагов ба дастаи «Томск-400» як имтиёзи гаронбаҳо овард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG