Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ партоби мушаки Пхенянро маҳкум кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо қабули як қатънома партоби мушак аз сӯи Кореяи Шимолиро маҳкум кард.

Ҳамаи 15 аъзои Шӯрои амнияти СММ матни мувофиқашударо ба имзо расонданд. Матни тарҳ аз ҷониби шаш қудрати ҷаҳонӣ - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, ИМА ва Ҷопон - ҳамоҳанг шуда буд. Санад вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба партоби мушаки дурпарвоз аз ҷониби Кореяи Шимолӣ дар таърихи 5-уми апрел мебошад. Дар масири парвозаш мушак аз ҳарими ҳавоии Ҷопон убур карда буд.

Лаҳни санаде, ки Ҷопон таҳия ва ироа кардааст, қатъитар буд. ИМА ва муттаҳидони аврупоии Ҷопон аз ин тарҳ пуштибонӣ карданд, аммо Русияву Чин, ки кишварҳои дорои ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ мебошанд, монеи қабули он шуданд. Дипломатҳои ин ду кишвар гуфтанд ки намехоҳанд таҳримҳои беш аз ҳад ба раванди гуфтушунидҳои шашҷонибаи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимоли осеб расонанд.

Бо вуҷуди ин дар санаде, ки ғайри воҷиб аст, кушоду равшан гуфта мешавад, ки партоби мушаки “Типодонг-2” тавассути ҳарими ҳавоии Ҷопон маҳкум шуда, ин амал мухолифи қатъномаи 1718-и Шӯрои амнияти СММ мебошад, ки ҳар навъ фаъолиятҳои марбут ба мушакҳоро ба Кореяи Шимолӣ манъ мекунад.

Сафири Мексика дар СММ Клауди Ҳеллер, ки раёсати нишасти Шӯрои амниятро ба зимма дошт, ба хабарнигорон гуфт, ки бо вуҷуди он, ки санади мазкур қатънома маҳсуб намешавад, он амалкарди Пхенянро ошкоро маҳкум намуда, аз вуҷуди мавқеи ягонаи Шӯро шаҳодат медиҳад.

Сафири Фаронса дар СММ Жан Маурисиа Риперт мавқеи ягонаи аъзои Шӯрои амниятро гоми бисёр муҳим ва паёми тунде ба Пхенян хонд. Дар баёния аз Кореяи Шимолӣ дархост карда мешавад, ки аз анҷоми озмоишҳои ҳамсони мушакӣ дар оянда даст кашад.

Мувофиқат шудааст, ки таҳримҳои иқтисодие, ки аллакай алайҳи Пхенян эълон шудаанд, тақвият дода шаванд. Ҳамин тавр воридоти баъзе хадамот ва ашё ба Кореяи Шимолӣ боз дошта мешавад, аммо дар санад рӯйхати мушаххаси ин колоҳо оварда нашудааст.

Дар санади қабулшуда аз мақомоти Кореяи Шимолӣ даъват шудааст, тамоми бандҳои қатъномаи Шӯрои амниятро, ки соли 2006 тасвиб шуда буд, иҷро кунад. Шӯрои амният қатъномаи мазкурро дар вокуниш ба озмоиши мушаки ҳастаӣ аз ҷониби Пхенян қабул карда буд. Аз Кореяи Шимолӣ талаб шуда буд, ки барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиашро хотима диҳад. Тибқи он санад, Пхенян муваззаф аст, аз тамоми аслиҳаи куштори дастаҷамъӣ ва мушакҳои болдор даст кашад ва ба мақомдорони зидахли ин барномаҳо сафарҳои хориҷӣ манъ шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Кореяи Шимолӣ иддао дорад, ки ҳадаф аз партоби мушак фиристодани моҳвораи мухобиротӣ ба мадорӣ замин буд. Аммо низомиёни Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ИМА мегӯянд, ки ягон аломати ин моҳвора дар мадори замин мушоҳида намешавад ва бо ин баҳона Пхенян мушаки дурпарвози худро озмоиш кардааст, ки низ нақзи қатъномаҳо қаблии СММ мебошад.

XS
SM
MD
LG