Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари додситонии Тоҷикистон ба аудити Бонки Миллӣ


Як мақоми аршади Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ҳанӯз натиҷаҳои бозрасии Бонки Миллии Тоҷикистон аз тарафи ширкати аудитории "Эрнст энд Янг"-ро дарёфт накардааст, аммо расидагӣ ба ин қазия дар салоҳияти Бунгоҳи мубориза бо фасод хоҳад буд. Абдусамеъ Додобоев, ноиби додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии дар шаҳри Душанбе ба пурсише дар бораи аудити Бонки миллӣ ва маълумоти марбут ба раиси вақти ин ниҳод, Муродалӣ Алимардон гуфтааст, масъала ба бунгоҳи мубориза бо фасод дахл дорад, на ба додситонии кулл. Ёдовар мешавем, дар натиҷаи тафтиши бозрасони байнулмилалӣ маълум гаштааст, ки раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардон зиёда аз 850 миллион долларро ба ширкатҳое интиқол додааст, ки аз тарафи хешону наздиконаш ва гурӯҳи хурди афрод идора мешудаанд. Тибқи натиҷаҳои тафтиш боз 221 миллиону 500 ҳазор доллар, ки дар солҳои 2004-2007 ба соҳаи пахтакорӣ гузошта шудаанд, аз ҳисобу китоб берун мондаанд.
XS
SM
MD
LG