Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нофармонии тазоҳургарон дар Тайланд


Бо вуҷуди эъломи вазъи фавқуллода дар пойтахти Тайланд тазоҳургарон дар саросари ин шаҳр гаштугузор мекунанд. Онҳо имрӯз роҳҳои аслиро баста ва автобусҳои ҷамъиятӣ ва ду мошини зиреҳпӯшро гирифтанд. Рӯзе пеш аз ин тазоҳургарон ба маҳалли нишасти сарони кишварҳои узви АСЕАН ворид шуда ва сабаби лағви ҳамоиши минтақавӣ ва тарки Тайланд кардани раҳбарони чанд кишвар шуданд. Тазоҳургарон имрӯз барои пайдо кардани нахуствазир Абҳисит Веҷаҷива ба вазорати умури дохила омаданд, вале ӯ аз инҷо бо мошин фирор кард. Бино ба гузоришҳо аз наздикии ин маҳал садои тирандозӣ ба гӯш мерасид. Тазоҳургарон мехоҳанд, то Таксин Шинаватра – нахуствазири собиқи Тайланд ба мақомаш барқарор карда шавад.
XS
SM
MD
LG