Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 10-уми апрел аз дарёи Душанбе ду ҷасади дасту даҳонбастаро пайдо кардаанд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба мақомоти интизомии Тоҷикистон навиштаанд, пас аз шиносоии ҳуввияти ҷасадҳо, маълум шудааст, ки яке Насиба Алидодоваи 28-сола, корманди ширкати «Вавилон-М» мебошад. Насиба духтари сарояндаи маъруф Хуршед Алидодов ва хоҳари овозхони шинохта Ширинмоҳ Ниҳолова мебошад. Ин хабарро манобеъи наздик ба оилаи Алидодовҳо низ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Насиба хатмкардаи фалкутаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ мебошад.
Ҷасади дигар Раҳмон Олматови 47-сола будааст.

Хабаргузориҳо навиштаанд, дар ҳар ду ҷасад нишонаҳои куштор дида мешавад. Бар иловаи дасту даҳон, пойҳои мард низ баста будааст.

Барои таҳқиқи ин ҳодиса, ки дар чанд соли охир дар Тоҷикистон ба нудрат рух медиҳад, Вазорати умури дохила гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис додааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG