Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ваҳшатноки ду нафар дар Душанбе


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҷустуҷӯи қотилони ду нафаре ҳастанд, ки аҷсоди онҳоро шаби 10- уми апрел дар шаҳри Душанбе пайдо карданд. Ҷасадҳои дасту даҳонбастаи Насиба Алидодоваи 28-сола ва Раҳмон Олматови 47 – соларо дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, хиёбони Шерозӣ пайдо кардаанд. Барои таҳқиқи чунин ҳодиса, ки чандин сол боз дар Тоҷикистон мушоҳида нашуда буд, вазорати умури дохила гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис додааст. Насиба Алидодова – фарзанди Хуршед Алидодов як овозхони шинохта дар Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG