Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА изҳороти ахири Теҳронро "шубҳаомез" номид


ИМА ба изҳороти ахири Эрон оид ба тавсеъаи барномаи ҳастаияш бо шакку шубҳа менигаранд. Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, имрӯз дар Вошингтон гуфт, иддаои раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар бораи соҳиби 7 ҳазор сентрафугаи ғанисозии ураниум шудани Теҳрон аз иттилоъи ахири коршиносони таслиҳотии МАГАТЭ – Бунгоҳи нерӯи ҳастаии СММ комилан фарқ мекунад. Ӯ гуфт, ки “мо намедонем ба кадом изҳороти Эрон дар бораи барномаи ҳастаияш метавон бовар кард. Тайи чандин сол Эрон дар робита ба ин масъала изҳороту эъломияҳои гуногун пахш кардааст”.
Кишварҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки ҳадафи Эрон аз коркарди барномаи ҳастаӣ - дастёбӣ ба силоҳи атомист. Ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки ин барнома фақат аҳдофи сулҷӯёна дорад.
XS
SM
MD
LG