Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон дар кӯчаҳои Тифлис боқӣ мондаанд


Садҳо тан аз тазоҳургарон дар кӯчаҳои Тифлис, пойтахти Гурҷистон, боқӣ мондаанд. Эътирозгарон мегӯянд, ба намоишҳои эътирозӣ то замони аз раёсати ҷумҳурии Гурҷистон истеъфо додани Михаил Саакашвилӣ идома хоҳанд дод. Онҳо Саакашвилиро ба ақибнишинӣ аз роҳи демократия, талоши нокофӣ ҷиҳати муқобила бо бекорӣ айбдор карда ва барои ҷанги соли гузашта бо Русия, ки боиси таҳти назорати комили ҷудоиталабон ва Русия рафтани вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон шуд, интиқод мекунанд. Дирӯз дар майдони рӯбарӯи парлумони Гурҷистон дастикам 60 000 тазоҳургар ҷамъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG