Пайвандҳои дастрасӣ

Зардолу аз Суғд ба Рашт


Ҳудуди 5 ҳазор ниҳоли зардолу аз вилояти Суғд ба водии Рашт оварда шуд.

Мирзошоҳи Акобир, муассиси ягона боғи ботаникӣ дар минтақаи Рашт ва масъули интиколи ин ниҳолҳо ба ин водӣ, мегӯяд, бо назардошти кӯхистони Рашт анвои санҷидашуда оварда шудааст. Вай гуфт, ин миқдор ниҳол дар 28 ҳектор талу теппаҳо шинонида шудаанд.

Ва дар ҳамин ҳол Дорухоҷаи Маҷнунзод, сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар Рашт, мегӯяд, тайи ду даҳсолаи ахир аз буриши зиёди дарахтон ба хотири гармкунии хонаҳо ҷангалзорҳои ин минтақа зиёд зарар дидаанд, ки дар бархе мавзеъҳо кучиши талу теппаҳоро дар пай доштааст. Оқои Маҷнунов гуфт, бояд ин зардолузорҳо аз ҷониби афроди мутасаддӣ хуб нигаҳбони шаванд, вагарна чун ҳамасола миқдори зиёди дарахтон шинонида шудааст, аммо миқдори ками онҳо ба далели бенигоҳубинӣ сабзиши хуб надоштаанд.

Ва аммо Рустами Одил, як сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, мегӯяд, дар солҳои 80-ум беҳтарин анвои зардолу дар водии Рашт ба нобуди расид ва ҷойи зардолузорҳоро умдатан боғҳои себу нок гирифт. Ӯ мегӯяд, зардолу ба бемориҳои гуногун тобоовар буда, ҳамзамон дар шароити беобӣ метавонад бисабзад.

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт, зардолу аҳамияти шифоӣ дошта, ба мисли меваи тут, дар баробари нон дар мушкилтарин аём файзи дастархони мардум буд. Ҳамзамон беҳтарин дутор аз чуби зардолу сохта шуда, оташи чуби он барои бисёре аз дардҳо даво будааст.

Ва ҳамин аст, ки зардолу дарахти дарозумр буда, то 150 сол умр медидааст ва аз замонхои хеле қадим дар сарзамини тоҷикон парвариш мешудааст.

Ва аммо масъулини бахши ҳифзи муҳити зист дар Рашт мегӯянд, бунёди боғҳои зардолу пас аз таваққуфи чандинсола нахустин иқдом дар ин водӣ маҳсуб мешавад ва онҳо бо назардошти таҷрибаҳои пешин ба рушди ин соҳа умед мебанданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG