Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо қурбониҳои зилзилаи Италия меафзояд


Наҷотбахшон дар шаҳри аз зилзила харобшудаи Лакуиллаи Италия ҷасади се нафари дигарро аз зери овор берун кашиданд ва бо ин шумори куллии қурбониҳои заминларзаи офатбори Италия ба 275 нафар баробар шуд. Ларзишҳои хурди дигар ҷараёни кори гурӯҳҳои наҷотбахшро барои як муддат ба ҳам зад. Яке аз ларзишҳои охири замин дар ин шаҳр ва деҳоти атрофи он 5,2 дараҷаи Рихтерро ташкил дода буд. Ва ин ларзишҳои баъди зилзилаи шадид 17 ҳазор мардуми бехонумоншударо, ки ҳамоно дар зери чодарҳои варзишгоҳи маҳаллӣ ба сар мебаранд, бештар ноумед кардааст.
XS
SM
MD
LG