Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Покистон


Дар ҷанубуғарби Покистон имрӯз баъди ошкоршавии ҷасадҳои се дигарандеши маъруф эътирозҳо сар зад. Дар вокуниш ба қатли ин се нафар мӯътаризин дар шаҳрҳои мухталифи вилояти Балуҷистон роҳҳоро масдуд карда сохтмонҳо ва мошинҳоро сангзанӣ карданд. Як афсари полис кушта шуд. Афсари калони полис Аёз Балуҷ гуфт, ки дар миёни ҷасадҳои ошкоршуда тани Ғулом Муҳаммад Балуҷ, президенти эътилофи сеҳизбаи Ҷабҳаи миллии Балуҷистон низ шиносоӣ шудааст. Балуҷистон дар марз бо Афғонистону Эрон ҷойгир буда раҳбарони он муддатҳост барои дастёбӣ ба мухторияти бештар мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG