Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот бо тақозои истеъфои Саакашвилӣ


Даҳҳо гурӯҳи сиёсии мухолифи давлат дар Гурҷистон рӯзи 9-уми апрел тазоҳуроти бемӯҳлатеро оғоз мекунанд, то ба гуфтаи худашон, раисҷумҳур Михаил Саакашвилиро маҷбур кунанд, ки истеъфо диҳад.

Онҳо мегӯянд, то замоне, ки раисҷумҳур ба истеъфо наравад, кӯчаҳои Тифлисро тарк нахоҳанд кард. Тазоҳуроти мухолифин ба 20-умин солгарди саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон дар шаҳри Тифлис рост меояд, ки дар замони Шӯравии собиқ сурат гирифта буд. Ва мухолифин ин рӯзро мисли ҳамон ҳодисаҳо барои Гурҷистон сарнавиштсоз медонанд.

Саломе Зурабишвилӣ, вазири собиқи умури хориҷа, тазоҳуротро имтиҳони ниҳоӣ барои Гурҷистон хонд ва гуфт, чун рӯзи 9-уми апрели соли 1989 дигар ҷойи пушт гардонидан нест. Ӯ гуфт, масъалаи парокандашавӣ комилан матраҳ нест.

Фаъолони мухолифин интизор доранд, ки 150 ҳазор нафар ба тазоҳурот ба шаҳри Тифлис мебароянд, ҳарчанд тарафдорони ҳукумат шубҳа доранд, ки аҳзоби мухолифи пароканда дар Гурҷистон қодиранд чунин тавоноӣ нишон диҳанд.

Норизоятӣ аз Михаил Саакашвилӣ авҷ гирифтааст ва бахусус баъди ҷанги панҷрӯза бо Русия дар моҳи августи соли гузашта. Дар як баёния дар рӯзи 7-уми апрел нерӯҳои мухолифин Саакашивилиро ба шурӯъ кардани ҷанг, сӯистифода аз қудрат, нақзи ҳуқуқи маскан, тақаллубкорӣ дар интихобот ва расво кардани иқтисоди Гурҷистон муттаҳам намуданд. Ҳарчанд, Саломе Зурабишвилӣ ва дигар раҳбарони мухолифин гуфтаанд, ки ҳеҷ гузаште намекунанд, аммо Ираклӣ Аласания, як шарики онҳо, сафири собиқ дар Созмони Милал ва раҳбари Эътилоф барои Гурҷистон гуфтааст, муколама ба ҳукумат имконпазир аст.

Агарчанде, ки дар остонаи тазоҳурот ҳукумат саъй кард, то бо мухолифин муколама кунад, аммо аҳзоби ташкилкунандаи тазоҳуроти рӯзи 9-уми апрел аз муколама сар печиданд. Бо назардошти мавқеъи қотеъи раҳбарони мухолифин ва таъкиди ҳукумат, ки Михаил Саакашвилӣ аз роҳи демократӣ интихоб шуда ва ба истеъфо нахоҳад рафт, бисёриҳо дар изтиробанд, ки муқобила метавонад аз назорат хориҷ шавад. Тайи чанд ҳафтаи гузашта, ҳукумат баъзе аз аъзои ҳизби Нино Бурҷанадзеро муттаҳам карданд, ки талош доштанд, то силоҳ харида ва табаддулоти давлатӣ ташкил диҳанд. Фаъолони мухолифин чанд ҳафта аст, ки ҳушдор медиҳанд, ки ҳукумат барои ташкили бесарусомонӣ ва беобрӯ кардани мухолифон метавонад иғво ангезад. Вале ҳар ду тараф дар остонаи тазоҳурот ваъда доданд, ки хештандорӣ нишон дода ва қонунҳоро риоят мекунанд.

Чиора Тактакишвилӣ, вакили порлумон ва намоянда аз ҳизби ҳокими Гурҷистон гуфт, ҳукумат чораҳои этиёткорона хоҳанд андешид ва ҳамчунин нахоҳад гузошт, то низому тартиботро халалдор кунанд. Пикриа Чихрадзе, намоянда аз Ҳизби мухолифи Ростгароёни нав ба Радиои Озодӣ гуфт, тазоҳурогарон осоишта хоҳанд буд ва аз пулис хост, аз сиёсат канорагирӣ намоянд. Мамука Арешидзе, таҳлилгари умури Қафқоз тазоҳуроти тоза барои Гурҷистонро хатарзо номид, чаро ки нерӯҳои хориҷие ба мисли Русия, ки Саакашвилиро чашми дидан надорад ва ҳамчунин баъзе аз гурҷиҳои сарватманди хориҷӣ метавонанд, аз ин тазоҳурот ба ҳадафҳои хеш истифода баранд. Вай мегӯяд, ҳар қадар ки Гурҷистон заъифтар бошад, мағлуб кардани он осонтар хоҳад буд. Аммо, мегӯяд Мамука Арешидзе, ин тазоҳурот ҳамчунин фурсати мусбате ҳам барои ҷомеаи Гурҷистон ва ҳам ҳукумат хоҳад буд, ки роҳи муносибтаре барои бурунрафт аз бӯҳронро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG