Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Зайдӣ се маротиба камтар шуд


Додгоҳи Ироқ ҳукми зиндони хабарнигор Мунтазир Зайдиро, ки дар моҳи декабр дар Бағдод кафшҳояшро ба рӯи президенти вақти Амрико Ҷорҷ Буш андохта буд, аз 3 сол то 1 соли зиндон коҳиш дод. Сухангӯи додгоҳ Абдулсаттор Байрақдор то кунун боре ҳам ба масъулияти ҷиноӣ кашида нашудани Зайдиро далели аслии чунин сабук шудани ҳукмаш номид. Зайдӣ иттиҳоми алайҳаш воридшударо эътироф накарда, дар додгоҳи қаблӣ гуфта буд, иқдоми ӯ як посухи табиӣ ба ишғоли Ироқ буд.
XS
SM
MD
LG