Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, ба сулҳи Ховари Миёна бовар дорад


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз гуфт, вай бовар дорад, ки сулҳи Ховари Миёна имконпазир аст, вале барои ин Исроил ва фаластиниҳо бояд гузашт кунанд. Дар дидор бо донишҷӯён дар Истамбул, Обама афзуд, интихоб шудани ӯ ба мақоми президент ба амрикоиҳо дар мавриди имконпазирии тағйир эътимоди қавитар дод ва дар хориҷа имконияти беҳбуди симои Амрико дар ҷаҳони имрӯзро. Пеш аз ин дидор, Обама, дар Истамбул бо намояндагони мазҳабҳои гуногун мулоқот кард ва ҷӯёи иттиҳоди мӯътадилони мазҳабӣ бар зидди тундгароӣ шуд. Дар ин мулоқот намояндагони ислом, яҳудия ва шохаҳои мухталифи насоро ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG