Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии масъулони "Зарнисор" аз Дмитрий Медведев


Масъулони бозори басташудаи «Зарнисор» барои додхоҳӣ ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев расман муроҷиат кардаанд.

Шуҳрат Кудратов, вакили мудофеи масъулони бозори «Зарнисор», ба радиои Озодӣ гуфт, раҳбарони ин бозор Елена Меткова ва Ботурхон Талбаков, ки табаияти Русияро доранд, бо истифода аз ҳақи шаҳрвандии худ ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои мусоидат кардан ба ҳалли мусбии қазияи басташавии бозори «Зарнисор» муроҷиат кардаанд.

Вай гуфт, дар ин маврид мактуби расмии масъулони ин бозор ба сомонаи раисиҷумҳури Русия фиристода шудааст.

Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ таъминоти яке аз маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуд.

Басташавии бозори «Зарнисор» ахиран боиси эътирози тоҷирону масъулони ин бозор ва нигаронии мудофеони ҳуқуқи башар ва бархе аз ҳизбу созмонҳои Тоҷикистон гардид.
XS
SM
MD
LG