Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кастро бо вакилони Амрико мулоқот кард


Раҳбари Куба Раул Кастро бо як ҳайъати қонунгузорони амрикоӣ мулоқот кардааст. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Кастро бо мақомоти Амрико аз замони расиданаш ба раҳбарии Куба дар соли гузашта аст. Телевизиони Куба гуфт, 6 вакили демократи Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико рӯзи душанбе дар Ҳавана бо Раул Кастро дидор ва гуфтугӯ кардаанд. Ҷузъиёти бештари мулоқот дастрас нест, вале сафари ин ҳайъат ба дунболи нашри хабарҳое сурат мегирад, ки мегӯянд, президенти Амрико Барак Обама шояд ба зудӣ бархе маҳдудиятҳоро аз роҳи таҳрими 47-солаи тиҷорат бо Куба бардорад.
XS
SM
MD
LG