Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:"Амрико дар ҳоли ҷанг бо Ислом нест"


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки бо як сафари дурӯза дар Туркия ба сар мебарад, гуфт, ӯ намехоҳад, ки равобити Амрико бо ҷаҳони Исломро ҷанг алайҳи шабакаи Ал-Қоида муайян кунад. Обама дар парлумони Туркия гуфт, медонад, ки равобити Амрико бо ҷаҳони Ислом хадшадор шудааст, аммо, афзуд ӯ, Амрико дар ҳоли ҷанг бо Ислом нест. Обама ҳамчунин аз Туркия даъват кард, ба хотири расидан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ислоҳоти либералиро суръат бубахшад. Дар робита ба музокироти сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳо, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ҷаҳон набояд ба эҳсоси нохушбинӣ ва нобоварӣ тан дар диҳад. Барак Обама шоми душанбе дар зиёфате дар Истанбул бо вузарои хориҷаи Туркияву Арманистон низ мулоқот карда, ба гуфтаи як мақоми аршади амрикоӣ, он дуро даъват кардааст, то замони эҳёи комили равобит ба гуфтугӯ идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG