Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама вориди Анкара шуд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар поёни силсиласафари аврупоияш, ки нахустин сафари хориҷии ӯ ба ҳайси раҳбари Амрикост, вориди Анкара, пойтахти Туркия шуд. Туркия нахустин кишвари мусалмонист, ки Обама ба сифати президенти Амрико расман дидан мекунад. Дар ҷараёни ин сафари дурӯза, ӯ бо ҳамтои туркаш Абдуллоҳ Гул ва сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот карда, сипас дар парлумони Туркия суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG