Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб дар масҷиди шиъаҳои Чаквол


Пулиси Покистон мегӯяд, таркиши бомб дар масҷиди шиъаҳо дар шимоли ин кишвар дасти кам 22 нафарро кушта ва шумори боз ҳам бештареро захмӣ ба ҷо гузошт. Пулис мегӯяд, инфиҷор дар ҷараёни як маросими мазҳабӣ дар масҷиди шаҳри Чаквол, дар 60-километрии ҷануби Исломобод, пойтахти Покистон, рух дод. Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе бар асари як силсила ҳамалот дар Покистон беш аз 20 нафар кушта шуданд. Таркиши маргталабона дар Исломобод аз ҷумла мунҷар ба ҳалокати 8 сарбози шибҳанизомӣ шуд.
XS
SM
MD
LG