Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Зарурат ба рушди системаи дифоӣ пеш омад


Кохи Сафед гуфт, ки партоби имрӯзаи мушаки Кореяи Шимолӣ далели он аст, ки ИМА бояд дар андешаи рушди системаи дифои зиддимушакии худ бошад. Гарри Сеймор, ҳамоҳангсози Кохи Сафед оид назорат аз аслиҳа дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки озмоиши Кореяи Шимолӣ аҳамияти идомаи рушди системаи дифои мушакиро бо ҳадафи ҳимояти ИМА ва муттафиқони он дар Осиё ба намоиш гузошт. Сеймор афзуд, ки кори имрӯзаи Кореяи Шимолӣ маънои на фақат таҳдид ба Кореяи Ҷанубиву Ҷопони ҳамсояро дорад, балки он ба обурӯи Русия ва Чин ҳам зарба мезанад.
XS
SM
MD
LG