Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андерс Фог Расмуссен дабири кулли нави НАТО шуд


Хабарнигори Озодӣ аз нишасти матбуотии сарони давлатҳои узви НАТО дар Страсбурги Фаронса гузориш медиҳад, ки Андерс Фог Расмуссен, нахуствазири Дания чанд дақиқа пеш ба мақоми дабири нави кулли НАТО интихоб шуд. Дар нишасти матбуотии баъди анҷоми нишасти НАТО Расмуссен гуфт:

"Ман амиқан ифтихормандам, ки ба вазифаи дабири кулли ояндаи НАТО таъин шудаам. Ман ҳама талошамро ба харҷ медиҳам, то ки ба эътимоди шумо сазовор шавам".

Бо номзадии Расмуссен то соатҳои аввали шурӯи нишасти НАТО танҳо Туркия мухолифат дошт, ки мегуфт, барои мавқеъгирии Расмуссен дар моҷарои сари чопи шудани карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар матбуоти Дания розӣ нест. Расмуссен аз иқдоми журналистон ба унвони эҳтиром ба озодии баён ҳимоят карда буд. Ва субҳи имрӯз Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки мухолифати Туркия ба интихоби номзадии нахуствазири Дания ба ҳайси дабири кулли ояндаи НАТО барои барномаҳои узвияти Анкара дар ин иттиҳод таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Оллӣ Рейн, комиссионери умури тавсеаёбии Иттиҳодияи Аврупо дар як мусоҳибааш гуфт, ки мухолифати Туркия бидуни шак саволҳоеро дар миёни аъзои кишварҳои ин созмон ва шаҳрвандонаш ба миён меорад, ки то кадом андоза Туркия арзишҳои аврупоии мисли озодии баёнро хуб дарк кардааст. Ройтерс менависад, ки дабири феълии НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер дар нишасти матбуотӣ гуфт, "шумо медонед, ки тайи 36 соати гузашта баҳсҳое дар ин замина ҷараён дошт, аммо воқеияти ин ки мо ҳоло дар канори ҳам истодаем, маънои онро дорад, ки мо ба роҳҳале даст ёфтем, ки ҳамчунин нигарониҳои Туркияро низ дар бар мегирад. Ҳоло ҳамаи мо розӣ ҳастем".
XS
SM
MD
LG