Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиал-демократҳои Тоҷикистон тазоҳурот карданиянд


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мақомоти давлатиро масъули беэътиноӣ ба пайомаҳдои бӯҳрони ҷаҳонӣ ва афзоиши беадолатиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон номид ва гуфт мехоҳад эътирози соҳибкоронро дар чаҳорчӯби як гиридиҳамоӣ намудор кунад. Раиси ин ҳизб, Раҳматуллоҳ Зоиров ҳукумати шаҳри Душанберо дар қазияи бастани бозори «Зарнисор» масъул донист ва гуфт ҳизби ӯ рӯзи душанбе барои дарёфти иҷозат ба гирдиҳамоӣ ба шаҳрдорӣ муроҷиат хоҳад кард. "Ва агар шаҳрдорӣ ба мо иҷозат надиҳад, даст ба гуруснанишинӣ хоҳем зад," гуфтааст раиси ҲСДТ.
XS
SM
MD
LG