Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи сафари Аҳмадинажод дар Қазоқистон


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи душанбе бо нахустин сафари давлатияш ба ин кишвар вориди Остона мешавад. Интизор меравад, дар ин сафари дурӯза дар Қазоқистон, Аҳмадинажод бо ҳамтои қазоқи худ, Нурсултон Назарбоев, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаӣ ва шикори моҳии узунбурун ё бинидароз дар Баҳри Каспий ё Дарёи Хазарро баррасӣ хоҳанд кард. Ин навъи моҳии Каспий, ки тухми он маводи гаронбаҳо ба шумор меравад, ба вартаи нобудӣ расидааст.
XS
SM
MD
LG