Равшанбек Собиров, раиси ин созмони ҷамъиятӣ, гуфт, масъалаи сохтани чунин лавҳаи ёдгорӣ мавриди баҳси аъзои раёсати Иттиҳодияи тоҷикон қарор гирифта буд. Вай афзуд, ахиран барои сохтани лавҳаи ёдгорӣ онҳо маблағ ҷудо карданд ва бо ироъаи як нома унвонии шаҳрдории Бишкек ризоияти мақомоти онро дар миён гузоштаанд.
Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, гуфт, ки Садриддин Айнӣ мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Аз ин боис онҳо талош ба харҷ доданианд, ки бо гузоштани лавҳаи ёдгории устод дар яке аз хиёбонҳои шаҳр вайро барои сокинони он ва меҳмонони зиёди шаҳр бештар муаррифӣ намоянд. Вай афзуд, баъди ҷавоби мусбати шаҳрдории Бишкек онҳо ин лавҳаи ёдгориро насб хоҳанд кард ва дар муаррифии устод Айнӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Хиёбони ба номи устод Айнӣ дар маркази шаҳри Бишкек воқеъ гаштааст ва хиёбони Тинчтиқ ё Сулҳро убур мекунад. Бояд гуфт, ки қатори мошинҳои раисиҷумҳури Қирғизистон рӯзмарра тавассути хиёбони Тинчтиқ мегузарад ва хиёбони ба номи устод Айниро низ убур мекунад. Аз ин лиҳоз Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон тасмим гирифт, ки лавҳаи ёдгории устод Айниро маҳз дар ҷои намоёни ҳамин чорроҳа гузорад.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Вечерний Бишкек» дар шумораи ахири худ ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, аз ҷумла навиштааст, ки соли гузашта Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикон 130-солагии зодрӯзи устод Айниро таҷлил карданд. Ин манбаъ афзудааст, ки имсол ба вафоти устод Айнӣ 55 сол пур хоҳад шуд. Бино ба иттилои ин манбаъ, дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Бишкек ибрози сипосгузорӣ кардаааст ва ба дунболи он тазаккур додааст, ки сокинони ин шаҳр ҳанӯз соли 1962 яке аз хиёбонҳои бузурги шаҳри Бишкекро ба шарафи устод Айнӣ номгузорӣ кардаанд.
Ин ҳафтанома ҳамчунин зикр намудааст, ки дар шаҳри Бишкек ғайр аз хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ боз хиёбони Душанбе низ мавҷуд буд, аммо соли 1999 номи ин хиёбон ба хиёбони ба номи Алиаскар Токтоналиев баргардонида шуд.
Ба навиштаи ҳафтаномаи «Вечерний Бишкек», ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе як ҳавопаймои нави «Боинг» ба номи Айнӣ номгузорӣ шуд, ки мусофиронро ба кишварҳои дур интиқол медиҳад. Ҳафтанома афзудааст, эҳтимол ин ҳавопаймои «Айнӣ» рӯзе озими майдони ҳавоии «Манас»-и Бишкек низ шавад. Ҳафтанома тарҷумаи ҳоли устод Айниро мухтасар ба муштариён пешкаш карда, ҳамчунин тазаккур додааст, ки устод Айнӣ чи осори гарогнбаҳоеро аз худ боқӣ гузоштааст.
Ба навиштаи «Вечерний Бишкек» Садриддин Айниро дар қайди ҳаёт низ устод мегуфтанд ва ҳоло ин вожа боз ҳам маъниву мазмуни бештарро ба худ касб намудааст. Ҳафтанома афзудааст, аз ин лиҳоз фаъолони Иттиҳодияи тоҷикони ҷамъиятии Қирғизистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ин вожаро зимни гузоштани лавҳаи ёдгории устод Айнӣ фаромӯш нахоҳанд кард.

Чомеашиносон ягон маротиба дар бораи вазьи иктисодии омузгор ва нархи бозорхо гап намезада бошанд.
Агар ин заданро як мулло анчом медод бовар дорам ба хабс махкум мешуд. Ин муаллима бачахои мардума барра гумон кардаст. Ин муаллима бояд чупон бошад на омузгор!!!
Чаро Хадамоти зиддимонополи хомуш аст, як ниходи давлати бозори молии кишварро монполи мекунад ракобатро аз байн мебарад, дар Точикистон Конун барои мардуми одди аст, барои авлоду хешовандони рахмонов на Конун асту на инсофу на вичдон, пас ин суханхои мегуфта хама бефоидаанд
Ман аз ин кори омузгор дар шигифт афтодам ман низ омузгорам собикаи кории 30 сола дорам лекин ягон бор хонандаеро озор надодаам аз богча сар карда то синфи ибтидои то синфхои болои айни хол ба донишчуен дарс мегуям сахтгирам лекин бо дигар методхо яьне бо сухан бо мондани бахои 2 е инки бо корхои инфироди ва. Гайрахо илтимос чаноби вазири маориф чунин омузгоронро ки сазовори номи омузгорро надоранд аз кор чавоб диханд ба тарики озмун омузгор гиранд хайр чи маош 700 сомони ман дар солхои бади чанги шахрванди 3.сол бо маоши ночиз кор кардем ин манои онро надорад ки мо фарзандони миллати худамонро зери шиканча гирем ин дар ягончои инсони рост намеояд
Маро мезадан хуб мешуд мехондам ...амо Ози Ман бе савод мондам ...тоба бе сабаб набудагист