Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$1,1 триллион барои мубориза бо бӯҳрони молӣ


Сарони кишварҳои гурӯҳи G-20, ки 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушди ҷаҳонро муттаҳид мекунад, дар нишасти ахири ин гурӯҳ дар Лондон, пойтахти Бритониё, ҷиҳати иттихози 1 триллион доллар ба хотири муқобила ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тааҳҳуд супурданд. Бахши аъзами ин маблағ тавассути Сандуқи байналмилалии пул барои кӯмак ба кишварҳое масраф хоҳад шуд, ки дар вартаи мушкилоти молӣ уфтодаанд.

500 миллиард доллар аз 1 триллиони ваъдашуда бояд тавассути Сандуқи байналмилалии пул ба кишварҳои гирифтори мушкилоти молӣ кӯмак шавад. Бӯҳрони саросарии молӣ мунҷар ба навбати тӯлонии кишварҳои хоҳишманди қарзҳои изтирории ин ниҳод шуд, ки ин ба навбаи худ захираҳои молии Сандуқи пулро сахт коҳиш дод. Ним триллион долларе, ки акнун ваъда шудааст, бояд захираҳои Сандуқи байналмилалии пулро қариб 3 маротиба афзоиш бидиҳад ва дасти ин ниҳодро дар амри кӯмак ба кишварҳои ниёзманд дарозтар кунад. Сад миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои фақиртарин ва 250 миллиарди дигар бояд барои густариши тиҷорат масраф шавад.

Аммо дар пайи аз ҷониби Фаронсаву Олмон рад шудани даъвати Амрико ҷиҳати таҳияи барномаҳои изофии ташвиқи молӣ дар эъломияи ниҳоии нишасти Лондон кадом тааҳҳуди мушаххасе дар ин маврид наомадааст. Сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфт, дар ивази ин, кишварҳои гурӯҳ ваъда супурдаанд, то поёни соли 2010 масрафоти худро ба 5 триллион доллар бирасонанд.

Раҳбарони G-20 ҳамчунин хостори таҳти назорати бештар овардани фаъолияти ширкатҳои хусусии сармоягузорӣ ва ожонсиҳое шуданд, ки махсуси таҳлили вазъи бозори қарзанд. Ин масъулият аз ҷумла ба Сандуқи байналмилалии пул ва ниҳоди ҷадиде, ки Шӯрои суботи миллӣ номаш кардаанд, вогузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, қарор шуда, ки қуюди ҷоизагирӣ барои бонкдорон шадидтар шавад. Гордон Браун гуфт, бонкдорон аз ин ба баъд барои нокомиҳояшон ҷоиза нахоҳанд гирифт.

Бархӯрди шадидтар нисбат ба минтақаҳои оффшорӣ, ки ба паноҳгоҳи ширкатҳои тиҷоратӣ дар роҳи фирор аз пардохти молиёт табдил ёфтаанд, аз дигар тавофуқоти бадастомада дар Лондон аст. Ин масъала низ қариб буд, мояи ихтилофи назарҳо шавад, чунки Фаронсаву Олмон мегуфтанд, набояд бо танҳо ваъдаи амал иктифо кард, балки тадбирҳои мушаххас бояд андешид. Дар ниҳоят қарор шуд, рӯйхати сиёҳи паноҳгоҳҳои молиётие, ки иттилоот дар бораи мизоҷони худро нашр намекунанд, таҳия шавад.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама нишасти Лондонро як нуқтаи чархиш дар роҳи муқобила бо пасрафти иқтисодӣ номид. Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ низ гуфт, натоиҷи нишаст хеле бештар аз он чист, ки ӯ умед дошт. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел тавофуқоти Лондонро “гузашти таърихӣ” унвон кард.

Аммо, албатта, на ҳамаи раҳбарони аз пойтахти Бритониё чунин хушу қонеъ баргаштанд. Русияву Чин таъсиси як воҳиди пули ҷаҳонӣ дар ивази долларро пешниҳод мекарданд. Вале бино ба гузоришҳои расида, ин мавзӯъ дар нишасти Лондон баҳс нашудааст.
XS
SM
MD
LG