Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G-20 барои муқобила бо бӯҳрон 5 триллион доллар медиҳад


Раҳбарони кишварҳои сарватманди олам ва давлатҳои дар ҳоли рушд, мавсум ба G-20, имрӯз дар Лондон ба тавофуқ расиданд, ки барои муқобила бо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тадбирҳоеро ба маблағи панҷ триллион доллар рӯи даст гиранд. Барои кӯмак ба кишварҳои дучори мушкилоти иқтисодӣ қарор шуд, ки ба Сандуқи Байналмилалии Пул 750 миллиард доллари иловагӣ ихтисос дода шавад. Барои ташвиқ ва пешбурди тиҷорати ҷаҳонӣ гурӯҳи G-20 ба ихтисоси 250 миллиард доллар мувофиқат кард. Дар поёни нишаст нахуствазири Бритониё Гордон Браун гуфт, ки бистгонаи сарватмандтарин иқтисодҳои ҷаҳон бузургтарин барномаи кӯмаки иқтисодиро амалӣ мекунанд.
Раҳбарон ба тавофуқ расиданд, ки дигар ба асрори бонкӣ хотима дода, қоидаҳои навро дар пардохти мукофотпулиҳо ҷорӣ мекунанд. Браун гуфт:

"Имрӯз рӯзест, ки ҷаҳон ба ҳам омад, то зидди рукуди сартосарӣ на бо сухан, балки бо нақшаву барномаҳо мубориза барад, то ки ба эҳёи ҷаҳонӣ ва ислоҳот дар замони мушаххаси таъиншуда даст ёбад".

Браун афзуд, ки Сандуқи байналмилалии пул ба хотири кӯмак ба кишварҳои нодор захираҳои тиллоро ба фурӯш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG