Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори нахустини раисҷумҳурони ИМА ва Русия


Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, ҷаҳон бо бузургтарин бӯҳрон аз замони хатми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст ва дар чунин ҳол қабули иқдомҳои фаврӣ зарур аст.

Дар арафаи кушоиши нишасти раҳбарони 20 кишвари сарватманди олам маъруф бо номи G-20 ва ё бистгонаи бузург дар шаҳри Лондон раисҷумҳури ИМА бо раҳбари Русия Дмитрий Медведев дидору гуфтугӯ дошт.

Русия ва Чин дар арафаи нишасти Лондон пешниҳод карда буданд, ки ба ҷои доллари ИМА муаррифии як нақдинаи нави байналмилалӣ зарур аст, вале ба назар намерасад, ки ин пешниҳод аз тарафи раҳбарони кишварҳои дигар дастгирӣ ёбад.

Дар паи мулоқот бо Медведев Обама иброз дошт, ки моҳи июли соли равон аз Русия зиёрат мекунад. Президенти Русия Медведев гуфт, ки ба рушди ҳамкорӣ бо ИМА хушбин аст.

Ҳамчунон Обама ва Медведев масъалаи Эронро баҳс намуда, аз Теҳрон даъват кардаанд, бо бунгоҳи ҳаставии СММ ҳамкорӣ раҳандозӣ карда, собит созад, ки барномааш ҳадафҳои осоишта дорад.

Барои таъмини амнияти раҳбарони бист кишвар дар шаҳри Лондон чораҳои иловагӣ андешида шудаанд. Тахмин мешавад, ки рӯзи дуюми апрел дар маркази пойтахти Британия тазоҳуроти бузурги мухолифини сохти сармоядорӣ барпо мешавад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG