Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тикебаев дар интихобот худро номзад намекунад


Омурбек Тикебаев-раҳбари мухолифони сиёсии Қирғизистон эълон кардааст, ки номзадии худро дар интихоботи моҳи июли раёсати ҷумҳурии ин кишвар пешбарӣ намекунад. Ҳизби Ота Макони Тикебаев гуфт, имрӯз гурӯҳҳои мухолифон тасмим гирифтаанд, ки номзади ягона пешбарӣ кунанд. Ин ҳизб тавзеҳ надод, ки чаро раҳбараш бар зидди Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури кишвар дар интихобот худро номзад намекунад. Нируҳои мухолифон мегӯянд, онҳо барои беҳтар кардани имконашон дар интихобот бар зидди Боқиев як номзад пешбарӣ хоҳанд кард. Соли ҷорӣ Текебаев ба иттиҳоми доштани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шуда буд. Вале баъдтар ин итиҳомот бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG