Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони узбак сокини Зафарободро захмӣ кард


Як сокини ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон дар назди сарҳад бо Узбакистон аз тири туфанги марзбони узбак ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Ба гуфтаи идораи умури дохилаи Суғд, Илҳом Маҷидов – сокини деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод дар субҳидам, вақте мехост савори дучарха аз гузаргоҳи ғайрирасмӣ марзи миёни Тоҷикистону Узбакистонро убур кунад, аз тири марзбони узбак захми вазнин бардошт. Ба гуфтаи Анвар Асроров ном шоҳиди ин ҳодиса, марзбони Узбакистон бидуни огоҳӣ ба сӯи шаҳрванди Тоҷикистон оташ кушодааст.

Онҳо мехостаанд аз пайи зарурати зиндагӣ ба ноҳияи Хавости вилояти Сирдарёи Узбакистон ворид гарданд, вале чун гурзаргоҳи расмӣ, воқеъ дар тақрибан 1-километрии маҳалли ҳодиса, барои рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду ҷониб баста буд, хостанд марзро ба тариқи ғайрирасмӣ гузаранд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи манобеи бохабар аз ин қазия, Илҳоми 24-сола дар беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод бо захмҳои сахт бистарӣ аст. Дар мавриди ин ҳодиса додситонии маҳал парвандаи ҷиноӣ боз кардаааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан бар асари таркиши мина дар назди сарҳад бо Узбакистон дар ноҳияи Исфара як шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон ба ҳалокат расида буд. Шаҳрванди Тоҷикистон Давронов Ҷамшед Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1976, миллаташ узбак, оиладор ва соҳиби ду фарзанд, дар натиҷаи таркиши мина аз як пой маҳрум шуда, пас аз хунравии шадид дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи наздикони марҳум, вай дар асп ба ҷустуҷӯи говҳои худ ба чарогоҳи наздисарҳадӣ рафта, ба минаи зидди пиёдагард бархурдааст ва ҳамроҳ бо асп ҷони худро аз даст додааст.

Соли 2008 маҳз дар ҳамин деҳаи наздисарҳадӣ як нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба минаи зидди пиёдагард бархурда, маъюб шуда буд.

Тибқи иттилоъи мақомоти зидахли Тоҷикистон, бар асари таркиши мина дар манотиқи назди сарҳад бо Узбакистон 352 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд ва 445 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG