Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои афғонӣ ва амрикоӣ 30 шӯриширо куштанд


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, нируҳои онҳо дар як амалиёти муштарак бо нируҳои Амрико дар минтақаи Каҷакии вилояти Ҳилманд 30 нафар тундравҳоро куштаанд. Дар ин амалиёт, ки рӯзи сешнбе анҷом гирифт, 20 шӯришии дигар захмӣ шудаанд. Ҳилманд бузургтарин минтақаи парвариши хашхош ва маркази шӯришиён аст. Дар минтақаи Каҷакии ин вилоят амрикоиҳо банди обӣ сохтаанд ва бештар аз нисфи қисмати ҷанубии Афғонистонро бо барқ таъмин мекунанд. Амнияти ин банди обиро танҳо шумораи ночизи нируҳои бритониёӣ таъмин мекунанд.
XS
SM
MD
LG