Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои нохушбинонаи Бонки осиёии рушд


Тибқи пешгӯии Бонки осиёии рушд, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон имсол ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Дар ин бора Бонки осиёии рушд дар гузориши солонаи худ дар мавриди вазъи иқтисодии кишварҳои осиёӣ навиштааст. Дар гузориш нишондоди маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2009 яке аз пасттаринҳо дар байни кишварҳои паҳнои Муштаракулманофеъ унвон шудааст.

Ба навиштаи Бонки осиёии рушд, пастравии нишондодҳои иқтисодиёти Тоҷикистон асосан ба ду омил, аз ҷумла ба маротиб камшавии интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ ва коҳиши нархи пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ, рабт дорад.

Дар гузориш омадааст, ки бар асари бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои мардикорони тоҷик аз хориҷ дар соли 2009 то 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Пешгӯии Бонки осиёии рушд дар мавриди нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли оянда низ хушбинона нест. Ба навиштаи ин бонки бонуфуз, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2010 низ паст буда, на беш аз 4 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG