Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди пешниҳоди коршиносони узбакистонӣ


Олимони тоҷик пешниҳоди як идда коршиносони узбакро дар робита ба тарҷеҳи сохтмони нерӯгоҳи барқии Сарез рад намуданд.

Бархе аз коршиносони муқими Тошканд изҳор намуданд, ки, агар бар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» истифодаи зарфиятҳои кӯли Сарез авлавият дода шавад, манфиати иқтисодии бештар ба даст меояд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, барои нерӯгоҳи «Роғун» зарурати сохтани сарбанд ва ҷамъ кардани об вуҷуд дорад, аммо кӯли Сарез як захираи омода аст ва сарбанди табиъӣ ҳам дорад. Гузашта аз ин, мегӯянд онҳо, кӯли Сарез аз обанбори «Роғун» якуним маротиба бештар об дорад, ки таййи 100 соли ахир захира шудааст ва акнун сохтани нерӯгоҳ дар Сарез хатари онро кам намуда, бар оби баҳри Арал хоҳад афзуд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик ин таҳлили ҳамтоёни узбакистониро ғайриилмӣ мехонанд.

Коршиносони тоҷик нерӯгоҳҳои «Роғун» ва Сарезро ду тарҳи аз якдигар мутафовит арзёбӣ мекунанд, ки пайи ҳалли мушкилоти муайян рӯи даст гирифта хоҳанд шуд. Георгий Петров, сарвари ташхисгоҳи Пажӯҳишгоҳи масоъили оби Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, таҳлили коршиносони узбак шояд тасодуфӣ бошад, зеро онҳо рӯи ду тарҳе суҳбат мекунанд, ки дар танҳоӣ аз якдигар воқеият доранд: «Ҳарду тарҳи воқеъиянд. Дигар ин, ки Сарез Сарез аст, «Роғун» – «Роғун» . Нерӯгоҳи «Роғун» бояд кадом як масоилӣ бузургро барои Тоҷикистону Осиёи Марказиро ҳал кунад – касе инро мехоҳад ё намехоҳад. Нерӯгоҳи Сарез мушкили худи Сарезро ҳал мекунад. Аввалан, ба хотири таъмини амнияти худи кӯл ва на барои он, ки он тарҳи фоидаовар аст».

Тибқи иттилоъи расмӣ, баландии лоиҳавии сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» 330 метр хоҳад буд, аммо сарбанди табиъии кӯли Сарез 570 метр баландӣ дорад. Дар обанбори «Роғун» метавон дар панҷ сол 12,5 милиард метри мукаъъаб об ҷамъ кард, аммо кӯли Сарез 17 милиард метри мукаъъаб об дорад, ки дар давоми беш аз сад сол ҷамъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, иқтидори нерӯгоҳи «Роғун» 3 400 мегаватт/соат хоҳад буд, дар ҳоле ки нишондиҳандаи нерӯгоҳи Сарез 200 мегаватт/соат.

Ҳомидҷон Орифов, сарвари Хадамоти геофизикии Академияи Улуми Тоҷикистон, мегӯяд, ки сохтмони нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ҳанӯз соли 1932 аз сӯи олимони шӯравӣ дар Маскав пешниҳод шуд ва ҳадафаш ҳам коҳиш додани хатари эҳтимолии он буд. Соли 1979, афзуд ӯ, дар пажӯҳишгоҳҳои Тошканд ин тарҳ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва пешниҳод шуд, ки дар кӯли Сарез як нерӯгоҳ бо иқтидори 200 мегаватт/соат сохта шавад. Ҳ. Орифов афзуд: «Пажӯҳишгоҳе, ки ман шахсан сарварӣ мекардам, бо ин масъала машғул буд. Ба мо гуфтанд, ки тавлиди барқ ва интиқоли он ба Андиҷони Узбакистонро омӯзем. Азбаски дар он замон барқ камарзиш буд, ба болои ин, даҳҳо ағбаву водӣ ва бероҳиҳо миёни Сарезу Андиҷон буд, қимати хатти интиқоли барқ хеле боло мерафт ва ин тарҳро бефоида мекард. Аз ин хотир, сохтмони нерӯгоҳи «Сарез» судманд набуд».

Аммо, шарҳ медиҳад олими тоҷик, ҳоло вазъ тағйир хӯрдааства ҳарчанд ба маркази Тоҷикистон овардани барқи Сарез сермасраф аст, нархи барқ дар Афғонистону Покистон аз 6,5 сент барои 1 кВт/соат боло рафтааст ва аз ин рӯ барқи Сарезро метавон ба ин кишварҳо интиқол дод. Ин пешниҳоди Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Орифов, ба ИМА хуш омадааст ва амрикоиҳо омодагии худро ҷиҳати сармоягузории ташхиси фаннии тарҳ изҳор доштаанд.

Дар кул коршиносони тоҷик иддаои ҳамтоёни узбакашонро ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомиаи минтақа ва ҷаҳон ва таҳти суол қарор додани нерӯгоҳи «Роғун» арзёбӣ мекунанд. Аммо ба таъкиди эшон ин як гашти бебарори сиёсӣ низ ҳаст, ки аз сӯйи ҳамсоякишвар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG