Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ташхисгоҳи томографӣ


Дар маркази вилояти Суғд дар нахустин маркази ташхиси тиббии томографӣ ифтитоҳ ёфт.

Маркази мазкур дар як бинои сетабақаи навтаъмир ҷойгир буда, бо кобинаҳои муосири ташхиси томографӣ, УЗИ–и ранга ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад. Далел Тошматов – сардори идораи тандурустии ҳукумати Суғд гуфт, ки дар ин ҷо ниёзмандон метавонанд дар фурсати кам аз вазъи сиҳати тамоми узвҳои бадани худ, мағзи сар, дил, роҳи нафас ва ғайра пурра огоҳ гарданд. Ӯ афзуд, муоина ва ташхиси тиббии беморону ниёзмандон бо истифода аз таҷҳизоти муосири томографӣ дар муддати то 30 дақиқа анҷом мегирад.

Вай афзуд, ки қаблан беморон ва ниёзмандони суғдӣ барои ташхиси томографӣ ночор ба Тошканд ва Маскав сафар мекарданд, акнун ифтитоҳи чунин ташхисгоҳ имкон фароҳам овард бо сарфаи вақту маблағ дар диёри худ аз чунин муоина бигзаранд. Муоина ва ташхиси томографӣ дар марказ ба онҳое, ки ҳукумат имтиёз муқаррар кардааст, ройгон ё ба арзиши кам расонида мешавад, барои афроди дигар ташхис ба маблағи аз 60 то 180 сомонӣ сурат мегирад.

Насим ном як ҷавон аз шаҳри Хуҷанд нахустин нафаре буд, ки дар кабинаи томографии ташхисгоҳи нав мавриди ташхиси тиббӣ қарор гирифт. Ӯ дар кабинаи дигар дар дастгоҳи томографӣ хобида буд ва дар паси оина, дар утоқи дигар компютеру дастгоҳҳои дигар ҳама узвҳои бадани ӯро бо нишонаҳои ба табибон маълум нишон медоданд. Насим баъди анҷом муоина дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар худ нишонаи беморие мушоҳида накардааст, вале чун аз оғози кори ташхисгоҳи нав хабардор гашт, ба хотири огоҳ шудан аз саломатии худ ба ташхисгоҳ омадааст.

Ба гуфтаи Нозим Мирсаидов – сардухтури ташхисгоҳи мазкур, дастгоҳи томограф истеҳсоли Амрико буда, барои ташхисгоҳи Хуҷанд бо маблағи наздики 450 ҳазор доллар харидорӣ шудааст. Инчунин, бинои ташхисгоҳ бо 250 ҳазор сомонӣ маблағи буҷа таъмиру тармим шудааст.
XS
SM
MD
LG