Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои амрикоӣ партоби мушакро назорат мекунанд


Ду киштии низомии нерӯҳои баҳрии ИМА, ки дар пойгоҳи амрикоӣ дар Ҷопон мустақаранд, ба назорати марзҳои баҳрӣ қабл аз партоби мушаки дурпарвоз аз сӯи Кореяи Шимолӣ шурӯъ карданд. Санҷиши мушаки дурпарвоз авоили моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст. Намояндаи флоти баҳрии ИМА гуфт, ин киштиҳо таҷҳизоте доранд, ки барои назорати партоби мушакҳо ба фазо ва дар сурати зарурӣ нобуд сохтани онҳо имкон медиҳанд. Аз ин пеш мақомоти Кореяи Шимолӣ эълом доштанд, ки дар рӯзҳои аз 4 то 8 апрел маҳвораи худро ба фазо партоб мекунанд. Ва аммо кишварҳои минтақа мутмаинанд, ки ҳадафи Пхенян – имтиҳони мушаки дурпарвоз аст.
Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА амали Кореяи Шимолиро “дасиса” номид. Зимни суханронӣ дар баробари хабарнигорон дар Мексика хонум Клинтон изҳор намуд, ки агар Кореяи Шимолӣ аз нақшаҳои худ даст набардорад, ИМА ин мавзӯъро барои баррасӣ дар СММ пешниҳод хоҳад кард.
Ду рӯз пеш Кореяи Шимолӣ ба ИМА ва Ҷопон ҳушдор дода буд, ки аз ҳама талошҳои дахолат ба нақшаи ба фазо партоб кардани маҳвора аз сӯи ин кишвар даст бардоранд. Вазорати хориҷаи Кореяи Шимолӣ изҳор намуд, ки сухан аз барномаи осоиштаи кайҳонии кишвар мерасад ва эълони ҳама гуна таҳримҳо ба партоби ин маҳвора ба фазо чун мухолифат ба татбиқи созиши худдории Пхенян аз идомаи барномаи ҳастаӣ арзёбӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG