Пайвандҳои дастрасӣ

Парванда барои ҷалби ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати корӣ


Хадамоти муҳоҷират дар идораи умури дохилаи Суғд нисбати як шаҳрванди Қазоқистон, ки мехост гурӯҳе аз сокинони Суғдро ба тариқи ғайриқонунӣ барои мардикорӣ ба берун аз қаламрави кишвар барад, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Бар пояи маълумоти хадамоти мазкур, алайҳи шаҳрванди Қазоқистон Дилдор Собитова, мутобиқи банди ҷалби ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати кории Асноди ҷиноии Тоҷикистон иттиҳом пешниҳод шудааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ин шаҳрванди Қазоқистон дар вақти фиристодани як гурӯҳи беш аз 10–нафарии сокинони Суғд бидуни иҷозаномаи махсуси хадамоти муҳоҷират барои мардикорӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон дар як автовокзали Хуҷанд боздошт гардид. Вале дар бораи ин ки сокини 44 солаи шаҳри Алма – Ато шаҳрвандони Тоҷикистонро дар куҷо ва чӣ кор ҷалб кардан мехост, чизе гуфта намешавад.

Ин барои бори аввал аст, ки як шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони ин кишвар ба мардикорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Хадамоти муҳоҷирати идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, тайи ду моҳи аввали соли равон ҳудуди 2 ҳазор сокини Суғд бо роҳи қонунӣ аз ҷониби 7 ниҳоди марбута барои корҳои мавсимӣ ба Русия ва Қазоқистон фиристода шудаанд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG