Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Бурҷанадзе боздошт шуданд


Додгоҳи гурҷие ҳукм намуд, ки ҳашт тарафдори мухолифинро ба мӯҳлати ду моҳ боздошт кунад. Ин афрод дар муомилаи ғайриқонунӣ бо силоҳ бо ҳадафи истифода дар як табодулоти давлатӣ ва амалиёти террористӣ муттаҳам мешаванд. Ҳафтаи ҷорӣ полиси Гурҷистон навори видеоиеро пахш кард, ки тибқи он гурӯҳи нафароне гӯё дар фикри ташкили ҳамлаҳои хушунатомезе дар ҷараёни намоишҳои эътирозии моҳи апрел мебошанд. Қаблан мухолифин аз ҳукумат дархости баргузории чунин як раҳпаймоиро моҳи оянда карда буданд. Аксари онҳое, ки мавриди боздошт қарор гирифтанд, тарафдорони ҷумбиши демократии "Ҳизби ваҳдати Гурҷистон" ба раҳбарии Нино Бурҷанадзе мебошанд. Хонум Бурҷанадзе замоне муттафиқи аслии раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ вазифаи раиси парлумонро ба ӯҳда доштааст.
XS
SM
MD
LG