Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди Обама ба пешравии устувори равобит бо Эрон


Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама гуфт, ки вай интизор дорад дар низои дарозмуддат бо Эрон ниҳоят як пешравии устувору собите ба даст хоҳад омад. Ҳафтаи гузашта Обама дар паёми наврӯзиаш Эронро ба сулҳ ва дипломатия даъват кард. Дар нишасти матбуотии Кохи Сафед имрӯз Обама гуфт, ки вай интизор надорад, ки Эрон дар як они воҳид барномаи баҳсбарангези ҳастаии худро хотима диҳад ва маблағгузории терроризмро хотима диҳад. Вай гуфт, ки интизор аст дар ҳалли ин масоил бо Эрон як пешравии маҳкам ва устуворе ҳосил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG