Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Чехро ба истеъфо фиристоданд


Дирӯз шом парлумони Ҷумҳурии Чех ба ҳукумати марказу ростгарои худ нобоварӣ баён карда талаби истеъфои онро пеш гузошт. Ба ин тартиб, ҳукумати эътилофии Мирек Тополанек, ки барои барканор шудани он аз 200 вакил 101 нафар райъи мусбат доданд, мӯҳлати раҳбариашро хотима дод. Вазъияти ҳукумати Чех боз аз он назар бад шуд, ки ҳоло раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба дӯш дорад ва бояд ин масъулиятро то 30 июн иҷро кунад. Аз рӯи қавонини Ҷумҳурии Чех, ҳоло Мирек Тополанек масъулияти идораи ҳукуматро муваққатан то замони таъини нахуствазири нав аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Ватслав Клаус идома хоҳад дод. Дар сурати шикаст хӯрдани се мавриди ташкили ҳукумати эътилофӣ дар ин кишвар интихобот баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG