Ин ҳодиса дар таърих ба номи "Инқилоби лолаӣ" ҳамчун пиирӯзии демократия боқӣ монд. Мардуми ғазаболуд тавонист, ягона президенти кишвар аз соли 1991 ба ин сӯ -- Аскар Оқоевро ба фирор маҷбур кунад.
Вале имрӯз, вақте аз нав даъватҳои инқилобии зидди президент Қурманбек Боқиев баланд мешаванд, ба назар мерасад, ислоҳоти демократии Қирғизистон пас аз "Инқилоби лолаӣ" гирифтори рукуд шудааст.
Инҳо орзуҳои "Инқилоби лолаӣ"-и Қирғизистон буданд, ки рӯзи 24-уми марти соли 2005 президент Аскар Оқоевро аз тахт поин оварданд ва аз мамлакат ронданд.
Аммо бо гузашти чаҳор сол ва бо вуҷуди ваъдаи сарони нави кишвар, ки мегуфтанд, орзуҳои инқилобро амалӣ хоҳанд кард, мардуми Қирғизистон дар воқеъияти дигаре ба сар мебарад. Бисёриҳо барои ин бо ангушт ба Қурманбек Боқиев ишора мекунанд, ки ҳамчун собиқ сарвазир дар рӯзҳои ошуфтабозори инқилоб ҳукуматро ба даст гирифт ва чаҳор моҳ баъдаш бо як интихобот ба эътибори қонунӣ соҳиб шуд.
Барои афроди мухолиф, ба мисли раҳбари ҳизби "Асаба", Роа Отунбоева, солгарди имрӯза на ҷашни пирӯзӣ, балки "мотами имкониятҳои аздастрафта" мебошад.
Хонуми Отунбоева мегӯяд, "инқилоб аз пеши мардум дуздида шудааст. Тағйире ба ҷуз аз ин нест, ки ҷои як сулоларо сулолаи дигар гирифт. Асосе барои таҷлили солрӯз нест, зеро инқилоб идома дорад. Онҳое, ки дар соли 2005 моро ба ҳабс гирифтанӣ буданд, ҳоло дар атрофи раиси нав муттаҳид шудаанд, вале онҳое, ки инқилоб карданд, дар кӯча мондаанд. Биноан ҳамаи онҳо дилсард гаштаанд."
Ин суханони Отунбоева ҳанӯз дар солгарди гузаштаи инқилоб садо дода буданд, аммо то солрӯзи нав вазъ бадтар ва паёми ин суханон қавитар гаштааст. Фишори бӯҳрони иқтисодӣ ва эълони интихоботи зудраси президентӣ ба вазни ин суханон афзудаанд.
Шубҳае нест, ки аз ибтидо, дафъатан пас аз "Инқилоби лолаӣ" кишвар бо чандин мушкил рӯбарӯ гашт ва бархе аз пайомадҳо қобили пешгӯӣ буданд.
Қирғизистон дар гӯшаи дурдасти кӯҳистонӣ воқеъ аст ва захоири зиёде барои судур надорад. Бар замми ин Қирғизистон низ мисли дигар кишварҳои ҷаҳон зери таъсири бӯҳрони шадиди иқтисодист. Лекин, ба назари коршиносон, мардум мумкин буд, ҳамаи инро дарк ва бо вазъи мушкил оштиву мудоро кунанд, агар Боқиев то ҷое ки имкон дошт, ваъдаҳои инқилобро амалӣ мекард.
Дигарбора сари кор овардани афроди замони Оқоев, аз тарафдорони худ пур кардани курсиҳои порлумон, идомаи хешутаборбозӣ ва маҳалгароӣ, фишору таъқиби мухолифон, ҳамла ва латукӯби журналистони мустақил, падидаҳое нестанд, ки аз бӯҳрони ҷаҳонӣ маншаъ гирифта бошанд. Ин аст, ки мардум дар симои Боқиев як Оқоеви дигарро мебинанд ва талабҳои истеъфои ӯ дар шаҳру рустои Қирғизистон балантар садо медиҳад ва чунин талабҳо аз тарафи Боқиев вокунишеро ба бор меоранд, ки нишонаҳои асабоният дар онҳо ошкор аст.
Боқиев мегӯяд, "агар касе ки тазоҳурот мекунад ва бар ин аст, ки мешавад, президентро, ки камтар аз як сол аст кор мекунад, такон дод, иштибоҳ мекунад ва шикаст мехӯрад."
Нерӯҳои мухолифон, ки дар гузашта ба Боқиев кӯмак карданд, ба қудрат бирасад, акнун ба гурӯҳу бахшҳо тақсим шудаанд ва аксари онҳо ҳамон гуна ки дар вақташ бо Оқоев мубориза мекарданд, акнун бо Боқиев дар набарданд. Боқиев дар ин байн ҳизби "Оқ жул" ё "Роҳи сафед"-и худро таъсис додааст, ки дар интихоботи гузаштаи 73 курсии порлумони иборат аз 90 мандатро ба даст овард.
Президент мегӯяд, ин ҳизбро барои иҷрои ваъдаҳои инқилоб ва пуштибонӣ аз ислоҳоти демократӣ таъсис додааст.
Аммо аксарият онро василаи таҳкими қудрати ӯ ва омодагияш ба интихоботи президентие медонанд, ки чор моҳ пас баргузор мешавад. Маъракаи интихоботӣ аз он шурӯъ шудааст, ки чандин номзади эҳтимолӣ ва сарони аҳзоб бо парвандаҳои ҷиноӣ ва муҳокима дар додгоҳ рӯбарӯянд. Вале мардум, мехоҳад, дубора ба майдон барояд ва таърихро такрор кунад.

- Фасоду ришват ва хешутаборбозӣ дар идораи давлат ба поён мерасад.
- Маҳалгароӣ ва сулолатарошиҳо низ.
- Садои ҳама шунида ва назари ҳама ба эътибор гирифта хоҳад шуд.
- Матбуот озоду мустақил хоҳад гашт.

ТО ОМАДАНИ ХУРШЕД КАРИМЗОДА ЯГОН РОХБАР ХАЛОЛ КОР НАМЕКАРД. ДАР ДАВРАИ ВАЗНИН ХАТТО АЗ МАЧЛИСХОИ ХУКУМАТИ МАЬЛУМ ШУД, КИ У АЗ УХДАИ ВАЗИФА БАРОМАДА ИСТОДААСТ, НАКШАХОИ КОРИРО САРИ ВАКТ ИЧРО КАРДА ИСТОДААСТ. ЗИЕДА АЗ 12 СОЛ ЯГОН ПЛАНРО ИЧРО НАМЕКАРДАГИ ДАВЛАТ НУСРАТ ФАКАТ СОХИБКОРОНРО АЗОБ ДОДА ИСТОДААСТ. ХУРШЕД КАРИМЗОДА АЗ АВЛОДИ СЕРУ ПУР ВА БОСАВОД ТАРБИЯ И ПОКОЛЕНИЯ БОШАД ФАКАТ МАНФИАТИ КМССАИ ХУДРОМЕКУНАНД.ЗАМИНУ ЗАМОНИ ВАЗИРИ АНДОЗ ДАР ВАРЗОБУ БАЧЛУВОНУ КАЗОКИСТОНУ ТЕМУРМАЛИКУ ФАХРОБОД БЕХИСОБ АСТ. АХСАН ХУРШЕД КАРИМЗОДА.
Ассалому алейкум, Хуб мешуд,ки мақомотҳои дахлдори тафтишотӣ аз паси чунин корҳо мешуданд то, ки мардуми бечораро бо ҳам ҷанг наандозанд. То куҷо расидаем тамоман хандаовар.
Воқеан ин муаммои сарбаста кай роҳи ҳал меёбад? Мардум то ба кай аз паси пули ҳалоли худаш саргардон мешавад? Чаро аз пешво сар карда то вакилу раису дигараш муҳри хомӯши ба лаб кардаанд? О дар паём лоф зад ки ман чанд сол шуд мегам пасандоз кнен, баъд пасандози мора бон гираду бо амри подшоҳ хонаву мактаб созад пули мора ки медиҳад?
Ҳеҷ гап неабуд мард бояд мардонавор бояд хизмати Ватан Модарро кунад. Сабаб чи буд ки як сиёсатмадор нисбати комисирати ҳарбӣ овоз баланд кунад. Ва нисбати сиёсати давлат тафриқа андозад.
АЗ ДАСТИ ДЕПУТАТҲО ОЕ ҲАЛЛИ ЯГОН МАСЪАЛА МЕОЯД ????? МАН БОВАР НАДОРАМ !