Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама раводиди Африқои Ҷанубиро дарёфт накард


Мақомоти Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет барои дарёфти раводиди сафар ба ин кишвар ба хотири иштирок дар як конфронси сулҳи Йоҳаннесберг посухи рад гирифт. Конфронси мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи Сулҳи Нобел ташкил мешавад, мавзӯи нақши бозии футболро дар эҷоди сулҳ ва ҷилавгирӣ аз нажодпарастӣ баррасӣ мекунад. Сухангӯи ҳукумат гуфт, ки Африқои Ҷанубӣ ба он хотир ба Далай Лама раводиди сафар пешкаш накард, ки нахост бо ҳузури вай таваҷҷӯҳи ширкатдорон ба масоили дигар банд шавад ва дар айни замон ин тахминро рад кард, ки тасмими ҳукумат баъди фишори Чин болои ҳукумати ин кишвар қабул шудааст. Раҳбари рӯҳонии Тибет қарор буд дар паҳлӯи барандаҳои дигари ҷоизаи сулҳи Нобел, мисли раиси ҷумҳуриҳои пешини Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела ва Де Клерк, исқуф Десмон Туту дар ин ҳамоиш иштирок кунад. То имрӯз ҳам Туту ва ҳам Де Клерк гуфтанд, ки дар конфронси рӯзи 27 март иштирок нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG