Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз созиши Киеву Бруссел норозӣ аст


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки нақшаи транзити газе, ки Украина ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, "бефикрона ва ғайрикасбӣ" мебошад. Дар эъломияи муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Украина, ки дирӯз дар Бруссел қабул шуд, тасмими беҳбуди сохтор ва мудирияти лӯлаҳои газии фарсудаи Украина зикр шуд. Путин, ки дар Сочӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки нақшаи мазкур набояд Русияро нодида гирад:

"Санаде, ки ҳоло сӯҳбаташро мекунем, ҳадди аққал бефикрона ва ғайрикасбӣ мебошад, чунки баррасии чунин мавзӯъҳо бидуни ширкати таъминкунандаи аслии газ як амали ғайриҷиддӣ аст".

Путин гуфт, ки Маскав равобиташро бо шарикони аврупоӣ бознигарӣ хоҳад кард, то ки онҳо дарк кунанд, ки дар музокироти марбут ба гази миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Украина манфиатҳои Русия нодида гирифта нашавад.
Ҳанӯз Аврупо нагуфтааст, ки чӣ миқдор маблағро омода аст барои ин кор ихтисос диҳад. Юлия Тимошенко, нахуствазири Украина гуфт, ки ба тарҳи мазкур маблағгузории 5,5 миллард евро зарур мешавад, дар ҳоле, ки таҳқиқоти аврупоиҳо арзиши ин пружаро дар ҳудуди дую ним миллиард евро муқаррар кардааст. Созиши миёни Брусселу Киев дар ҳоле ҳосил шуд, ки моҳи январ мухолифатҳои миёни Украинаву Русия боиси қатъи интиқоли гази табиӣ аз Русия ба Аврупо тавассути хоки Украина шуд.
XS
SM
MD
LG