Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми «Ала-То-2009»: Тоҷикистон – дар ҷои сеюм


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Ала-То-2009» дар шаҳри Канти Қирғизистон ҷои сеюмро касб кард.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати 10 даста аз Кипр, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои дарёфти ҷои сеюм дастаи «Олой»-и Ӯшро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Голҳоро дар нимаи аввали дидор Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов ва Самад Шоҳзуҳуров ба самар расонданд.

Дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими «Абдиш-Ота»-и Кантро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бо Ҷоми «Ала-То-2009» сарфароз шуд.

Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафии аслии мо омодагӣ ба сабқати интихобии олимпӣ мебошад, ки моҳҳои январ-феврали соли 2010 шурӯъ хоҳад шуд. Бинобар ин бо мақсади санҷиши футболбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми «Ала-То» ширкат варзидем. Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 19 футболбози 17-18-сола дохил буданд, ки дар бошгоҳҳои мухталифи футболи лигаи олии кишвар бозӣ мекунанд. Футболбозони ҷавони мо дар ин мусобиқа, ки дар сатҳи баланд баргузор шуд, таҷоруби хуб касб карданд».
XS
SM
MD
LG