Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Обама гуфт, ИМА ба нақшаи бурунрафт ниёз дорад

Раиси ҷумҳурӣ Барак Обама гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд барои нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон як "стратегияи бурунрафт"-е дошта бошад. Дар сӯҳбат бо барномаи хабарии "60 Minutes" ӯ гуфт, ки нирӯҳои низомӣ батанҳоӣ нахоҳанд тавонист оташи ҷангро дар Афғонистон хомӯш кунанд. Вай гуфт, ки маъмурияти Кохи Сафед дар фикри татбиқи "стратегияи фарогире" барои минтақаи Афғонистону Покистон мебошад ва ин стратегия бояд дорои як нақшаи бурунрафт ҳам бошад. Обама афзуд, ки ҳадафи аслии Амрико дар Афғонистон иборат аз он аст, ки Ал-Қоида дигар натавонад ба ИМА ва ё муттафиқони он ҳамла кунад ва барои расидан ба ин ҳадаф, гуфт ӯ, вазъи иқтисодии Афғонистон бояд пешрафт карда талошҳои дипломатӣ дар Покистон беҳбуд ёбад. Изҳороти Обама дар ҳоле садо медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик маъмурияти вай бояд стратегияи нави худро дар Афғонистон ва муборизаи зидди Толибону Ал-Қоида муаррифӣ кунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Навалний додгоҳро “баландтарин дараҷаи беқонунӣ” номид

Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия дар идораи полиси шаҳри Химки, ки он ҷо мурофиаи додгоҳӣ мегузарад

Мақомоти Русия саросемавор Алексей Навалнийро мавриди муҳокима қарор доданд ва худи сиёсатмадори мухолифи Кремлин ин мурофиаро “баландтарин дараҷаи беқонунӣ” номид. Навалний аз моҳи август дар Олмон осори заҳролудшавиро муолиҷа мекард. Ба қавли муҳаққиқони мустақил, Навалнийро бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд карданд. Баъди расидан ба хоки Маскав ӯро боздошт намуда ба идораи полиси шаҳри Химки, воқеъ дар ҳудуди Подмосковйе интиқол доданд. Навалнийро дар ҳоле ба мурофиаи додгоҳӣ ба идораи полиси шаҳри Химки оварданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукуматҳои Ғарбу Аврупо боздошти ӯро маҳкум ва озодии билофосилаи ӯғро тақозо мекарданд. Додгоҳ бояд дар заминаи ҳабси ӯ ба мӯҳлати 3,5 сол ҳукм содир кунад.

Ёваронаш гуфтанд, ки Навалний дар замони боздошт аз дастрасӣ ба вакилу ёвари ҳуқуқӣ маҳрум буд ва аз толори мурофиа Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний видеонавори ӯро нашр кард, ки дар он президент Владимир Путинро дар ҳолати рӯйдода гунаҳгор мекунад. Аз ҷумла, Навалний гуфт:

“Ман намефаҳмам, ки чӣ мегузарад. Як дақиқа пеш маро барои мулоқот бо вакилон берун бароварданд. Ман ин ҷо биёям, ин ҷо додгоҳи Химки будааст. Кадом нафароне маро навор мегиранд, касоне дар толор нишастаанд. Номи он – “додгоҳи бози Химки аст”. Масъалаи баррасишаванда – ҳабси ман бар асоси қарори раиси полис аст. Чаро мурофиаи додгоҳи Химки дар идораи полис мегузарад? Ман намефаҳмам. Чаро касеро огоҳ накарданд? Ин як... Ман аз ин пеш ҳам истеҳзои низоми адлияро шоҳид шудаам, вале зоҳиран он пирамард дар паноҳгоҳаш чунон аз ҳама чиз метарсад, ки онҳо ҳоло Кодекси ҷиноиро намоишкорона лахт-лахт карда ба ахлот андохтанд. Имкон надорад, ки чунин коре, ки ҳоло мегузарад, бишавад. Ин беқонунии дараҷаи олӣ аст, ман дигар сифатро ба кор бурда наметавонам”.

Полис Навалнии 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, ки Навалний барои нақзи бисёркаратаи шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд. Навалний гуфт, ки қонунро вайрон накардааст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Навалнийро рӯзи 17-уми январ созмони Amnesty International як “маҳбуси эътиқодӣ” номид. Ӯро 20-уми августи соли 2020 баъди он ки маълум гашт заҳролуд шудааст, барои муолиҷа ба як беморхонаи шаҳри Берлин интиқол доданд. Қабл аз он Навалний дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис карда беҳуш шуда аз по афтод.

Навалний, ки борҳо бо нишони эътироз аз ҳукумати Русия намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ ташкил кардааст, дар заҳролуд шуданаш мақомоти Русияро айбдор кард. Маскав дахолаташ дар ин қазияро рад мекунад.

Барканории раиси як додгоҳ ва таъини ду муовини раиси Бонки Миллӣ дар Тоҷикистон

Кохи Миллат

Маъруфҷон Бурҳониён аз мансаби раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барканор карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид. Сабаби барканории ӯро нагуфтаанд.

Бар асоси фармонҳои дигар, Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода муовинони раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо шуд.

Инчунин раҳбарони идораи мубориза бо фасодро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон иваз кардаанд. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо онҳое, ки мансабҳои нав гирифтанд, ба ислоҳи "камбудҳо дар системаи идораи бонкӣ, пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар бахши замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди фасод” даъват кард.

Мухолифон ҳамвора тағйироти кадриро дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танқид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки аз ин курсӣ ба он курсӣ кӯчиданашон чизеро тағйир намедиҳад.

Алексей Навалний дар шаҳри Химки. ВИДЕО

18-уми январ, додгоҳи шаҳри Химки

Мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дар фосилаи камтар аз як рӯзи баъди бозгашташ аз Олмон дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд ва ҳоло дар як додгоҳ посух медиҳад. Мурофиаи додгоҳӣ оид ба таъини ҳабс ё озод кардани Навалний дар идораи полиси шаҳри Химки мегузарад. Навалний дар як беморхонаи Берлин баъди заҳролудшавии моҳи август муолиҷа гирифтааст. Сухангӯи Навлний Кира Ярмиш дар навори видеоие, ки аз толори додгоҳ нашр кард, гуфт, ки дар мурофиа тадбирҳои сахттарини амниятӣ ҷорӣ шудаанд ва журналистонро ба дохил роҳ надоданд.

Полис Навалнии 44-соларо дар нуқтаи санҷиши паспортҳои фурудгоҳи Шереметево рост ба идораи полиси шаҳри Химки интиқол дод. Навалний гуфт, ки ӯ дар Олмон буд, аз осори заҳролудшавӣ, ки бино ба иттиҳоми ӯ, як амри презиент Владимир Путин буд, муолиҷа гирифт. Аз замони боздошт шуданаш бо касе сӯҳбат накардааст ва мақомот нагузоштанд, ки вакилони дифоъ ба наздаш дароянд. Навалний августи порсол дар дохили як ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва маълум шуд, ки ӯ заҳролуд шудааст. Се озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ гуфтанд, ки раҳбари мухолифони Русия бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Урсула вон дер Лейен, раҳбари Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 18 январ гуфт, “боздошти Алексей Навалнийро маҳкум мекунам”. Ӯ гуфт, мақомоти Русия бояд ӯро билофосила озод ва амнияташро ҳам таъмин бикунанд. Бритониё ҳам ба ин даъватҳо ҳамроҳ шуд ва тақозо кард, ки Русия шеваи заҳролуд шудани Навалнийро бо як силоҳи кимиёии давраи Шӯравӣ шарҳ диҳад. Русия, дар ҳамин ҳол, талош дорад интиқодҳои Ғарбро нодида бигирад. Рӯзи 18-уми январ вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Ғарб бояд бо ҳалли мушкилоти худаш банд бошад.

7 нафар барои иттилои дурӯғ дар бораи 167 ҳазор муҳоҷир дар додгоҳ посух медиҳанд

Соли 2015. Гурӯҳи муҳоҷирон дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Ростови лаби Дон

Ҳафт узви гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба ташкили будубоши ғайриқонунии беш аз 167 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия айбдор мешаванд, дар додгоҳи Маскав ҷавоб хоҳанд гуфт. Хабаргузории Тасс дар ин бора бо такя ба хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав менависад. Аъзои гурӯҳи боздоштшуда, ҳангоми дар шакли электронӣ дар қайди муҳоҷират гузоштани исми шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи макони будубоши онҳо маълумоти бардурӯғ додаанд. Дар ҳуҷҷатҳо ширкатҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун ҷониби қабулкунанди муҳоҷирон зикр шуда, як биное дар хиёбони Октябр ҳамчун макони будубоши онҳо нишон дода шудааст. Барои чунин хидмат боздоштшудаҳо аз муҳоҷирон аз дуюним то 5 ҳазор рубли русӣ мегирифтаанд. Ба ҳамин шева гумонбарон аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли 2019 ба қайди ғарйиқонунии 167 ҳазор шаҳрвнади хориҷӣ дар ҳудуди Русия мусоидат кардаанд. Нафаре, ки ин ҷиноятро тарҳрезӣ намудааст, дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Болоравии нархи гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон

Чанд рӯзи охир дар шаҳри Хуҷанд, нархи гази моеъ баланд рафтааст. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маркази вилояти Суғд як литри он 4 сомониву 40 дирам нарх дорад, ки нисбати рӯзҳои гузашта аз 30 то 40 дирам бештар аст. Аз ин пештар, арзиши ин навъи маводи сӯхт аз 4 то 4 сомониву 10 дирам нарх дошт. Сабаби баланд шудани нархи гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон шарҳ дода нашудааст. Тибқи оморҳои расмӣ, 60 фисади нақлиёт дар Тоҷикистон маҳз аз ҳамин намуди сӯзишворӣ истифода мекунад. Дар гузашта баъди ҳар болоравии нархи гази моеъ қимати маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои кишвар ҳам афзоиш ёфтааст.

Иқтидори низомии Тоҷикистон чанд аст?

23 феврали соли 2018

Тоҷикистон дар раддабандии нави байнулмилалии Global Firepower аз рӯи нишондоди иқтидори низомӣ, дар байни 138 кишвари ҷаҳон дар мавқеъи 99-ум ҷой гирифтааст. Дар феҳраст омадааст, ки Тоҷикистон 253 танк, 400 мошини зиреҳпӯш, 20 чархбол, 80 тӯпи вазнини кӯтоҳмил ва 125 проектори мушакӣ дар ихтиёр дорад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки барои хизмат дар артиши Тоҷикистон 9 ҳазор нафар ҷалб мешаванд, ки аз шумори аҳолии кишвар 0,1%-ро ташкил медиҳад. Дар феҳристи тознашр дар миёни кишварҳои Осиёи Маркази артиши Ӯзбекистон пурқувваттарин арзёбӣ шудааст.

Дар додгоҳи Химки мурофиаи додгоҳии Навалний шурӯъ шуд

18 январ. Идораи умури дохилии шаҳри Химки, Подмоскове. Ҳуқуқшиносони Алексей Навалний бо як ходиси полис сӯҳбат мекунанд

Дар шаҳри канори Маскав мурофиаи додгоҳии Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия шурӯъ шуд. Дар ин бора сухангӯи ӯ Кира Ярмиш хабар дод. Ба навиштаи ӯ дар Твиттер, “мурофиаи Алексей ҳоло шурӯъ мешавад. Соати 12:30, Химки, хиёбони Проспект Мира 23А, сохтмони 2, бинои вазорати умури дохилӣ”. Навалний шоми 17 январ аз Олмон ба Маскав расид. Ӯ дар як беморхонаи Берлин баъди заҳролудшавӣ муолиҷа гирифта буд. Ӯро дар фурудгоҳ боздошт карданд.

Бархе осебдидаҳои воқеаи Сардобаро "барои шикоят аз фасод дар тақсими кумакҳо" дастгир кардаанд

Оби обанбори Сардоба ҳазорҳо хонаҳои атрофи сарбандро пахш кард

Як фаъоли ҳуқуқи инсон ва блогнавис дар Узбекистон гуфт, баъди шикояти онҳо аз фасод дар заминаи тақсими кӯмакҳои молӣ ва хонапулӣ барои осебдидаҳои сели Сардоба дар минтақаи Сирдарё, чандин нафар ҳабс шуданд. Хайрулло Қиличев дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд нафари шикояткарда аз фасод дар тақсими кӯмакҳо бо иттиҳоми авбошӣ ва итоат накардан ба мақомот ба мӯҳлати се то ҳафтрӯзӣ ҳабс шудаанд. Сарбанди Сардоба дар шарқи Узбекистон 1-уми маи соли 2020 рахна шуд ва дар натиҷа, шаш нафар кушта шуда 70 ҳазор сокини манотиқи атроф аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Дар Қазоқистон ҳам 600 манзил зери об монд. Қиличев мегӯяд, ки ҳанӯз бисёр осебдидаҳои бехонамонда бояд кӯмаки ваъдагии президент Шавкат Мирзиёевро дарёфт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, айни замон, бархе афроди наздик ба мақомот ва осебнадида аз ин ҳодиса кӯмакпулиҳои ҳукуматро ба даст меоранд. Қиличев гуфт, ки ӯ аз раҳбарияти вилояти Сирдарё тақозо кард, ки дар бораи мардуми осебдида дар ин фоҷеа ва ҳам ҳабсшуда иттилоъ бидиҳанд, вале то ҳол посухи мақомот ба дасташ нарасидааст.

Як сокини 30-солаи ноҳияи Сардоба Ихтиёр Очилов ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди талаби кӯмак карданаш аз мақомот барои худ ва модараш, ӯро 7 рӯз ҳабс карданд. Сокини дигари маҳаллӣ Муродҷон Мамараимови 34-сола ҳам барои авбошиву итоат накардан ба мақомот ҳабс шуд. Мамараимовро баъди он дастгир карданд, ки дар як видео мақомоти вилояти Сирдарёро дар тақсими ноодилонаи кӯмакҳо гунаҳгор кард.

Мақомот гуфтанд, ки бар асоси ҳисобҳои онҳо, дар маҷмӯъ 2570 хонаи шахсӣ ва 76 сохтмони бисёртабақа пурра ва 1781 хонаи шахсиву 52 бинои бисёртабақа қисман хароб шудаанд.

Баробар бо ин, дар як додгоҳи шаҳри Тошканд мурофиаи 17 нафар – мақомоти соҳаи энержӣ, ширкати роҳи оҳан, раҳбарони корхонаҳои сохтмонӣ, ки дар сохтмони сарбанди Сардоба иштирок кардаанд, идома дорад. Онҳоро дар хунукназарӣ, сӯиистифода аз мақом, сохтакории ҳуҷҷатҳо, азхудкунӣ ва нақзи муқаррароти обтақсимкунӣ ва меъёрҳои бехатарӣ айбдор мекунанд.

Раҳбари Samsung ба 30 моҳи зиндон маҳкум шуд

25 августи соли 2017. Ли Ҷе-Йони 52-сола, раҳбари Samsung барои додани пора ба як шарики Пан Кин-Хе, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд, вале як сол баъдаш бар асоси қарори додгоҳи таҷдиди назар озод гардид

Дар Кореяи Ҷанубӣ додгоҳ муовини раиси ширкати Samsung Electronics, азимтарин истеҳсолкунандаи телефонҳои ҳушманд дар ҷаҳонро бо иттиҳоми фасод ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Ли Ҷе-Йони 52-сола дар аввал соли 2017 барои додани пора ба як шарики Пан Кин-Хе, собиқ президенти Кореяи Ҷанубӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ин иттиҳомотро рад кард ва дар паи бозбинӣ шудани ҳукмаш баъди як соли ҳабс озод гардид. Вале баъдан Додгоҳи олӣ ин парвандаро бозпас ба Додгоҳи олии Сеул фиристод ва рӯзи 18-уми январ додгоҳ ҳукми нав содир кард. Ин ҳукм ҳам метавонад дар Додгоҳи олӣ бозбинӣ шавад, вале шонси кам дорад, ки тағйир ёбад. Ширкати Samsung як маҷмаи азими тиҷоратист, ки аз ҷониби як оила назорат мешавад ва дар иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ ҷои аввалу дар ҷаҳон ҷои 12-умро ишғол мекунад. Бо сабаби бемори рӯи ҷогаҳ будани падараш Ли Ҷе-Йон давоми чандин сол раҳбарии воқеии Samsung-ро ба ӯҳда дошт. Моҳи октябр падари ӯ даргузашт.

Жириновскийро дар як додгоҳи Украина муҳокима мекунанд

Владимир Жириновский,  раиси Ҳизби либерал-демократии Русия

Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шевченский дар шаҳри Киев муҳокимаи парвандаи ҷиноии Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии Русия ва раиси Ҳизби либерал-демократ оғоз меёбад. Бар асоси ин парванда, ду узви дигари ин ҳизб Михаил Дегтерёв - губернатори кишвари Хабаровск ва Алексей Диденко - раҳбари ҷиноҳи ҳизб дар порлумони Русия низ муҳокима мешаванд. Мурофиаи судӣ дар ғайби ин афрод баргузор мешавад. Ҳамаи онҳоро додситонҳои Украина ба терроризм муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи муфаттишони украинӣ, сиёсатмадорони рус дар “таъмини молии” минтақаҳои ҷудоиталаби Донестк ва Лугански Украина саҳм доштаанд. Раҳбарони ин ду вилоятро, ки худро мустақил эълон кардаанд, мақомоти Украина террорист мешуморад. Бар асоси қонунҳои Украина, дар сурати боздошти сиёсатмадорони рус дар қаламрави он кишвар мумкин аст, онҳоро барои сармоягузории терроризм ба 12 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ҳуқуқшиносон: Навалний бидуни дастрасӣ ба вакилон аст

Алексей Навалний пеш аз парвоз аз Берлин ба Маскав дар дохили ҳавопаймо

Мунаққиди Кремл Алексей Навалний, ки шоми 17-уми январ баробари баргашташ аз табобат дар Олмон боздошт гардид, ба қавли ҳуқуқшиносонаш, то ҳол бидуни дастрасӣ ба вакилон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳуқуқшиносонаш рӯзи 18-уми январ гуфтанд, аз замоне, ки ӯро ба идораи полиси назди фурудгоҳи “Шереметево” интиқол доданд, то ҳол вазъи ӯву шароити нигаҳдориаш номаълум боқӣ мемонад. Субҳи душанбе Иван Жданов, раиси Бунёди зидди коррупсияи Навалний ва сухангӯяш Кира Ярмиш гуфтанд, ки ӯро дар идораи умури дохилии шаҳри Химки нигоҳ медоранд. Полис раҳбари 44-солаи мухолифони Русияро дар назди нуқтаи назорати паспортии фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти зиндони Русия гуфтанд, ки Навалний муқаррароти зиндони шартӣ бар асоси ҳукми соли 2014-и додгоҳ аз рӯи иттиҳоми тақаллубро вайрон кард ва ба ӯ 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Навалний ва тарафдоронаш гуфтанд, ки ҳатто дар шароити муолиҷа дар Олмон мутобиқи қонун мақомотро аз макони будубошаш расман огоҳ карда, қонунро нақз накардааст. Боздошти Навалнийро ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ маҳкум карданд.

Барномаи эмкунӣ дар аксар кишварҳои осебдида аз COVID-19

Дар аксар кишварҳои шадидан осебдида аз коронавирус барномаи эмкунӣ ҷараён дорад. Дар Бразилия, Ҳинд ва Русия барномаи эмкунии оммавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Ҳинд, ки макони зисти 1,4 миллиард аҳолӣ аст, 17-уми январ аввалин 224 ҳазор сокин қабули воксинаи дудафъаинаро шурӯъ карданд. Ҳафтаи гузашта президент Владимир Путин амр дод, ки аз 18-уми январ маъракаи эмкунии сартосарӣ дар Русия ба роҳ монда шавад. Дар Фаронса эмкунии сокинони аз 75-сола боло шурӯъ мешавад ва дар Испания даври дуюми эмкуниҳо асосан дар муассисаҳои нигаҳдории пиронсолон ба роҳ монда шудааст. Дар саросари ҷаҳон ҳоло 95 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 2 миллион нафар бар асари COVID-19 ҷон додаанд.

 Эътирозгарони беларусӣ бо талаби истеъфои Лукашенко  дар  маҳалҳои аҳолинишин раҳпаймоӣ карданд

17-уми январ, яке аз кӯчаҳои Минск

Эътирозгарони беларусӣ рӯзи 17-уми январ аз боғу маҳаллаҳои зисти чандин шаҳри кишвар раҳпаймоӣ карда, истеъфои Александр Лукашенко, раҳбари худкомаро талаб намуданд. Эътирозгарон инчунин тақозо карданд, ки масъулони хушунатҳои панҷ моҳи охир ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз замони интихоботи президентии Беларус, ки дар он Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд, дар Беларус тақрибан ҳамарӯза намоишҳои эътирозӣ барпо мешавад. Эътирозгарон мегӯянд, ки интихобот ба манфиати Лукашенко тақаллуб шуд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо эътирофи натиҷаҳои интихоботи Беларусро рад карданд. Рӯзи якшанбе 30 эътирози мухталиф дар Минск, Брест, Гродно, Гомел ва дигар манотиқ баргузор шуд.

Аъзои Горди миллии ИМА аз санҷиши амниятӣ мегузаранд

Низомиён дар назди бинои Конгресс. 12-уми январи соли 2021

Сохторҳои ҳифзи қонуни Амрико аъзои Горди миллиро, ки барои таъмини амнияти маъракаи савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден дар шаҳри Вашингтон ҷалб шудаанд, аз санҷиш мегузаранд, то ки онҳо хатар эҷод накунанд. Мақомот рӯзи 17-уми январ гуфтанд, ки бо нигаронӣ аз эҳтимоли ҳама гуна ҳамлаҳои дохилӣ, тахминан 25 ҳазор узви Горди миллиро, ки барои таъмини амнияти маъракаи савгандёдкунӣ ҷалб шуданд, аз санҷиши амниятӣ мегузаранд. Вазири умури артиш Раян Маккарти гуфт, ки мақомот аз эҳтимоли ҳама гуна таҳдиди ҳамлаи дохилӣ нигарон ҳастанд ва аз фармондеҳон тақозо карданд, ки сафи худро бубинанд, то аз ҳама гуна мушкил пешгирӣ шавад. То ин лаҳзаҳо ҳеҷ таҳдиди воқее дар сатҳи фармондеҳон дида нашудааст. Генерал Дениэл Ҳокансон, ки раҳбарии Бюрои горди миллиро дар ихтиёр дорад, дар сӯҳбат бо CBS News ҳарфҳои Маккартиро тасдиқ кард. Ҳокансон гуфт, ки санҷиш дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти махфӣ ва Бюрои федеролии тафтишот анҷом мешавад.

Аксар қаламравҳои Вашингтон бо сабаби маросими савгандёдкунии рӯзи 20-уми январ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шудааст. Ин тадбирҳо паёмади ҳамлаи издиҳоми тарафдорони президент Доналд Трамп ба бинои Капитол дар рӯзи 6-уми январ мебошад. Баъди ин юриш маълум шуд, ки бархе шӯришиён дар гузашта ваё ҳоло ба низомиён иртибот доштаанд.

Як зан дар Ваҳдат ба гумони қатли шаҳрванди Чин боздошт шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Як зани 22-солаи тоҷик бо гумони қатли марди 68-солаи чинӣ, боздошт шудааст. Ин марди чинӣ аз чанд сол ба ин тараф дар шаҳри Ваҳдат ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул будааст

Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ин зан соҳиби як фарзанд буда, бо Сзян Венсин, шаҳрванди Чин аз ду сол ба ин тараф робита доштааст ва рӯзи 8-уми январ байни онҳо муноқиша сар зада, зан бо истифода аз курсии чубин ба сари мард чанд маротиба зада, ӯро ба қатл расондааст.

Дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки марди чинӣ ‘"мунтазам “М”-ро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки онҷо зиндагонӣ мекард, даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст". Тибқи иттилои додситонӣ, вақте зан ин бор хоҳиши Сзян Венсинро рад мекунад, байни онҳо ҷанҷол мехезад ва он бо марги мард анҷом меёбад.

Додситонӣ нисбати зани гумонбар дар қатли шаҳрванди 68-солаи чинӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Назари фарди муттаҳам ва наздикони ӯ то ҳанӯз дар ин робита маълум нест.

Бештар аз 20 ҳазор варақаи интихоботиро дар Қазоқистон беэътибор донистанд

Интихоботи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

10 280 варақаи интихоботӣ барои порлумон ва 10 364 варақаи интихоботии маҷлиси маҳаллиро дар шаҳри Алматои Қазоқистон беэътибор донистанд. Ба иттилои мақомот, ба ин тартиб 3 дарсади баргаҳои раъй дар интихоботи рӯзи 10 январ беэътибор дониста шудааст.

"Инҳо баргаҳое ҳастанд, ки мушаххас кардан мушкил аст, ба ҷонибдорӣ аз кӣ раъй дода шудааст. Рӯи барга хатти зиёд кашида шудааст ё баргаҳои холӣ ҳастанд", - хабар доданд аз комисияи интихоботии минтақавӣ.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 1 миллиону 132 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар интихоботи ахир 331 ҳазору 602 баргаи раъй барои номзадҳои порлумони Қазоқистон ва 330 ҳазору 446 барга ба қуттиҳо фиристода шудааст, ки аз ин шумор дар маҷмуъ бештар аз 20 ҳазор барга беэътибор дониста шудааст.

Дар остонаи интихоботи порлумонӣ бархе аз фаъолони мухолифин аз сокинон даъват карданд, ки бо сиёҳ кардани баргаҳо эътирози худро нишон диҳанд. Зеро, ба бовари даъваткунандагон, интихоботи ахири порлумоӣ дар Қазоқистон бо риояи адолат сурат нагирифтааст.

Мақомоти интихоботии Қазоқистон гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 10 январ Ҳизби ҳокими "Нур Отан", Ҳизби "Оқ жол" ва Ҳизби мардумӣ (комунистии пешин) бо касби раъйи кофӣ вориди порлумон шудаанд.

Дар Узбекистон шоҳмотро байни мардум тарғиб мекунанд

Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Барномаи давлатии рушди шоҳмотро то соли 2025 имзо кард. Ба ин тартиб, ба хонандагони синфҳои 2,3 ва 4 ба таври ҳатмӣ бозии шоҳмот омӯзонида мешавад.

Бино ба барномаи тасдиқшуда, дар солҳои таҳсили 2021/22 дар 150 мактаби Узбекистон шоҳмот омӯзонида хоҳад шуд. Омӯзиши шоҳмот дар доираи дарсҳои варзиш ба роҳ монда мешаванд.

Дар барнома ҳамчунин омадааст, ки то соли 2025 шумори узбекистониҳое, ки ба таври доимӣ шоҳмот мебозанд, бояд ба 3 дарсади маҷмуи аҳолӣ расонида шавад ва кӯдаконе, ки дар мактабҳои варзишӣ шоҳмот меомӯзанд, бояд ба 10,5 ҳазор расонида шавад.

Вазоратҳо, ниҳодҳо ва дигар муассисаҳо вазифадор шудаанд, ки дар маҳалҳо дар сол на камтар аз 2 маротиба рӯзҳои шоҳмот ташкил кунанд.

Дар Қирғизистон донишҷӯён поин бурдани шартномаи таҳсилро талаб доранд

Донишҷӯёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.

Донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳи Қирғизистон талаб доранд, ки шартномаи таҳсили онҳо ба далели пандемияи коронавирус поин бурда шавад. Шумори зиёде аз донишҷӯён дар натиҷаи пандемия ҷои кор ё волидонашонро аз даст додаанд, ки онҳоро таъмин мекарданд.

Донишомӯзони қирғиз мегӯянд, омодаанд бо ин талаби худ то ба назди президенти тозаинтихоби он кишвар Содир Ҷабборов ҳам бираванд.

"Мо мехоҳем, ҳамаи донишгоҳҳо на дар коғаз, балки воқеан нишон диҳанд, ки ҳамаи пулҳо ба куҷо харҷ шудааст. Ҳамчунин бо маъмурони Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон ба ҳайати комиссия шомил шуда, бо чашмони худ бубинем, ки пулҳо дар ҷойҳои лозимӣ сарф шудааст", - мегӯяд донишҷӯё бо номи Қубодбек.

Дар Вазорати маорифи Қирғизистон ба сухани донишҷӯён гӯш доданд, вале гуфтанд, дар ин замина ҳукумат наметавонад барои онҳо коре кунад. Зеро шартномаи таҳсилро танҳо раҳбарияти донишгоҳҳо метавонанд поин баранд.

Раҳбарияти донишгоҳҳои Қирғизистон баъди баҳсҳои тунду сарусадоҳои донишҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ба ихроҷ таҳдид карданд. Вале худи донишҷӯён мегӯянд, аз талабашон даст кашиданӣ нестанд, омодаанд, ба додгоҳ шикоят баранд ва дар сурати лозимӣ даст ба эътироз бизананд.

Самариддин Раҷабов гуфт, ки ӯро дар Шереметево "дастгир карданд"

Самариддин Раҷабов

Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон дар Русия, шоми 17-уми январ дар Твиттер хабар дод, ки ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт кардаанд.

Бино ба навиштааш, онҳо ба истиқболи пешвои мухолифини Русия Алексей Навалний ба фурудгоҳ рафта буданд. Навалний баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми якшанбе аз Олмон ба Маскав баргашт ва аз тарафи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.

Қарор буд, ҳавопаймои ҳомили мунтақиди Кремлин дар фурудгоҳи Внуково поин ояд, аммо ногаҳон дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Самариддин Раҷабов ҳам дар Твиттер навиштааст, ӯ бо азобе худро ба Шереметево расонд.

Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонашро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд. Дар Внуково низ чанде аз тарафдорони Алексей Навалнийро дастгир кардаанд.

Самариддин Раҷабови 23-сола соли 2019 шаш моҳ аз рӯи иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" дар боздошт буд ва моҳи декабри ҳамон сол бо пардохти 100 ҳазор рубл ҷарима озод шуд. Раҷабов ин иттиҳомро рад кардааст.

Се марзбони туркман дар як фалокат ҷон доданд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи суқути чархболи Туркманистон дар наздикии марз бо Эрон се марзбони туркман кушта шудаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки бо шоҳидони айнӣ суҳбат кардааст, чархбол рӯзи 14-уми январ ба хати баландшиддати барқ бархӯрдааст.

Ҳодиса дар деҳаи Ёшлик 60-километрии шаҳри Ашхобод сурат гирифтааст. Як марзбони туркман, ки бо шарти ифшо накардани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, ки дар ин фалокат ҳар се сарнишини он ҷон додаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки зоҳиран ҳавои тира ва ғубори сахт сабаби бархӯрди чархбол ба хати барқ шудааст. Мақомоти расмии Туркманистон мисли ҳамеша ингуна ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ҳинд маъракаи азими ваксинзаниро оғоз кард

Дар Ҳинд аз ваксинаи COVISHIELD истифода мекунанд, ки дар худи ин кишвар сохтаанд.

Ҳинд як маъракаи азими ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19-ро оғоз кард ва қарор аст, дар марҳилаи аввал 30 миллион нафар ин ваксинаро бигиранд. Аз миёни аҳолии 1. 4 миллиарднафарии Ҳинд ваксинаро аввал дар байни табибону парасторон ва онҳое тақсим мекунанд, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо коронавируси нав ҳастанд.

Бисёре аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ваксинаи “Спутник”-и тавлиди Русияро харидаанд. Аргентина рӯзи 16-уми январ қисмати дуввуми ваксинаро аз Русия ворид кард, ки барои ваксинзании дубораи кормандони муассисаҳои тиббӣ истифода мешавад. Ваксинаи аввалро онҳо моҳи декабр гирифтанд. Парагвай ин ҳафта ҳаштумин кишвари ҷаҳон шуд, ки ваксинаи Спутник V-ро барои истифода иҷоза дод.

Пештар аз Парагвай, ин корро Боливия, Венесуэла, Алҷазоир ва Сербия кардаанд. Аммо мақомоти Бразилия рӯзи 16-уми январ дархости як ширкати дорусозӣ барои истифода аз 10 миллион дона ваксинаи “Спутник”-ро дар кишвар рад кард. Мақомот гуфтанд, ки ширкат санадҳои зарурӣ дар бораи марҳилаи саввуми озмоиши ваксина ва дигар масоили истеҳсоли онро пешниҳод карда натавонистааст.

Фаронса мехоҳад, Амрикову Эрон ба созиши атомӣ баргарданд

Яке аз таъсисоти атомии Эрон дар Қум.

Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, пайдарпай вайрон кардани созиши атомӣ аз тарафи Эрон, зарурати фаврии бозгашти Теҳрон ва Амрико ба ин созиш бо қудратҳои ҷаҳониро ба миён овардааст. Ян Ив Ле Драйан дар ин бора дар як мусоҳибае дар рӯзи 16-уми январ сухан гуфтааст. Амрикоро аз созиши атомӣ раиси ҷумҳур Доналд Трамп хориҷ кард, ки то чанд рӯзи дигар маъмурияташ ба поён мерасад.

Бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон дар моҳи июн Ле Драйан гуфтааст, ки эрониҳо дар тақвияти тавоноии атомии худ пеш рафтаанд ва бояд ба онҳо гуфт, ки “бас аст ва Эрону Амрико бояд ба созиши атомӣ баргарданд.” Баъди аз созиши атомӣ хориҷ шудани Амрико дар соли 2018, таниш байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон авҷ гирифт. Доналд Трамп таҳримҳои сахт ба зидди Эронро барқарор кард ва “сиёсати фишори ҳадди аксар” ба Эронро пеш гирифт. Ба гуфтаи вазири фаронсавӣ, ин сиёсат баръакс “риск ва хатарро зиёд кард”.

Ба қавли ӯ, ба ин сиёсат бояд хотима диҳанд, чун “Эрон дар роҳи дастёбӣ ба тавоноии тавлиди силоҳи атомӣ аст”. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нест ва ҳадафи барномаҳои атомиаш, тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои осоишта аст.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний ба Маскав баргардад

Алексей Навалнийро ба риоят накардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ муттаҳам мекунанд.

Қарор аст, имрӯз Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия ба ватанаш баргардад, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки мумкин аст, ӯро дастгир ва ба зиндон маҳкум кунанд. Алексей Навалний гуфтааст, ки рӯзи 17-уми январ аз Берлин ба Маскав бармегардад.

Навалнийро соли гузашта баъди заҳролуд шудан барои муолиҷа ба Берлин бурданд ва ӯ иддао дорад, ки мақомоти амниятии Русия хостаанд, ӯро бо заҳри қаттоли Новичок бикушанд. Навалний дар бораи бозгашт ба Маскав рӯзи 13-уми январ хабар дод.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфт, ки пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд. Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Дар Кобул ду додраси занро куштанд

Дар Афғонистон, бахусус Кобул сӯиқасд ба ҷони бонувони фаъол ва шахсиятҳои шинохта зиёд шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, афроди мусаллаҳ ду додраси занро дар шаҳри Кобул куштаанд, ки идомаи занҷираи қатли ҳадафмандона дар Афғонистон аст. Дар чанд моҳи гузашта, хабарнигорону, ҳомиёни ҳуқуқи занон, чеҳраҳои фарҳангӣ ва руҳониёни муътадил дар чунин ҳамлаҳо ҷон додаанд.

Аҳмадфаҳим Қавим, сухангӯи Додгоҳи Олӣ гуфт, ҳарду додрасро, ки бо мошин ба ҷойи корашон мерафтанд, шахсони ношинос субҳи рӯзи 17-уми январ тирборон кардаанд. Пулиси Кобул вуқуи ҳодисаро тасдиқ кард. Аҳмадфаҳим Қавим гуфт, ки ҳарду зан дар Додгоҳи Олӣ кор мекарданд, аммо номашонро набуд. Ронандаи онҳо захмӣ шудааст.

Касе масъулияти тирандозиро бар уҳда нагирифтааст, вале Амрикову мақомоти Афғонистон сӯиқасд ба ҷони афроди алоҳида ва шинохтаро кори дасти Толибон медонанд. Толибон мегуянд, ки дар ҳамлаҳо даст надоранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қатли чеҳраҳои шинохта, тарсонидани ҷомеаи маданӣ, саркӯб кардани садои дигарандешону ҳомиёни ҳуқуқи занон аст, ки баъди суқути Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон ба пешрафти зиёде ноил шудаанд.

Зилзилаи шадид Тоҷикистонро такон дод

Акс аз бойгонӣ

Дар cоати аввали рӯзи 17-уми январ (1:4) зилзилае Тоҷикистонро такон додааст. Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд "сахт буд". Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надодааст. Аммо марказҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, заминларза дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG