Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз "Наврӯзи худӣ" дар Мексика


Дар лаҳзаи баробар шудани тӯли рӯзу шаб, ки лаҳзаи даромади соли нави хуршедӣ ва нуқтаи авҷи иди Наврӯз аст, даҳҳо ҳазор нафар ба аҳромҳои Теотиуакани Мексика баромаданд. Чунончи 22 ҳазору панҷсад нафар ба аҳроми Хуршед боло шуданд, ки баладтарин дар силсилаи аҳромҳои Мексик аст, ки аз тарафи Юнеско сарвати таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳон эълон шудаанд. Мардум бовар доранд, ки дар лаҳзаи баробар шудани тӯли рӯзу шаб рӯи ин аҳром будан ба кас нерӯи кайҳонӣ ато мекунад. Мардум соатҳо интизор мешуданд, ки навбаташон расад ва аз 245 зина боло рафта, дар баландии қариб 64 метр рӯй ба офтоб доранд. Бо вуҷуди анбӯҳи мардум, зиёрати аҳромҳои ҳиндуҳои қадим ба оромӣ гузашт. Соли гузашта ин ид бо пасхаи католикҳо мусодиф омада, сабаб гашта буд, ки 174 ҳазор нафар дар ин ҷо ҷамъ оянд ва таъмини низому амнияти онҳо мушкил эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG