Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодбоши наврӯзии Ораш ба мухлисонаш


Ораш, сарояндаи шаҳири эронитабор дар гуфтугӯи вижа бо Радиои Озодӣ Наврӯзро барои тамоми тоҷикон ва Тоҷикистон табрик гуфт.

Ораш, ки аз Филиппин бо телефон сӯҳбат мекард, ҳамчунин аз барномаҳои тозааш сӯҳбат бикард, аз иштирокаш ҳамроҳи сарояндаи ҷавони озарӣ дар озмуни «Евровидение» нақл кард ва ҳамчунин сароидани сурудеро ҳамроҳ бо сарояндаи тоҷике аз эҳтимол дур надонист.

Ин сӯҳбатро бо пахши рамзи аудио дар кунҷи рости ин сомона бишнавед ва аммо он чизе, ки он ҷо нахоҳед шунид, як смс-и ӯст, ки пас аз сӯҳбат фиристод.

«Мисли моҳӣ зинда, мисли сабзӣ зебо, мисли саману ширин, мисли сунбул хушбӯ, мисли себ хушранг ва мисли сика боарзиш бошед. Соли нави шумо муборак!»

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG