Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи наврӯзии Радиои Озодӣ


Хонандагони гиромии сомонаи Озодӣ ва шунавандаҳои азизи Радиои Озодӣ! Фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи Шумо самимона шодбош мегӯем! Дурудҳои кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар фазои пурнакҳату гулрези наврӯзӣ қабул фармоед!

Барномаи вижаи наврӯзии Радиои Озодӣ, ки бегоҳи 21-уми март ва субҳи 22-юми март пахш шуд, саршор аз паёмҳои наврӯзӣ ва таронаҳои шоди идона аст.

Дар оғози барнома меҳмони азизу арҷманд Мукаррама Қаюмова, раиси Бунёди ҳунарҳои миллии Тоҷикистон ба студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе омад, то дар пахши зинда шунавандаҳои азизро табрик бигӯяд.

Ҳамчунин, ҳамроҳ ба ҷашнгоҳи асосии мамлакат, варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе меравем ва табрикоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро низ аз ҷумла аз он ҷо хоҳем шунид. Ва на танҳо. Берун аз варзишгоҳ, дар ҷодаҳо чӣ ҳолу аҳволе хоҳад буд, онро низ хоҳем шунид.

Сипас, чеҳраҳои ҳунари тоҷик – шоира Фарзона ва Меҳмон Бахтиро низ Шуморо бо Наврӯз табрик хоҳанд гуфт.

Ҳизбдорон Давлаталӣ Давлатов, Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолов низ Наврӯзро табрик хоҳанд гуфт.

Сарояндагони саршинос Баҳром Ғафурӣ аз студияи шаҳри Душанбе ва Адҳам Холиқов бо телефон аз Милани Италия мустақим бо сурудҳои тоза Наврӯзро табрик гуфтанд. Баҳром, ки ба тозагӣ ҳамроҳ бо Фарҳоди Милод (муаллифи матн ва оҳанг) ба «Муҳоҷирбача» клип омода карда буд, муҳоҷирони тоҷикро бо ин суруд дар ин Наврӯз ба Ватан хонд. Адҳам низ зинда «Аривидерчи, Рома» (Падруд, Рим) гуфт.

Шунавандагони гиромиро ҳамчунин бо як модари 115-сола, ки дар ноҳияи Бохтар ба сар мебарад, шинос мекунем, ки аз ҷашнгириҳои Наврӯз дар асрҳои 19 ва 20 нақл мекунад.

Таронаҳои наврӯзӣ ва табрикоти сокинони оддии Душанбе бо Наврӯзро низ метавонед бишнавед.

Сарояндаи маъруф Давлатманди Хол дар бораи суннатҳои наврӯзӣ ҳикоя мекунад ва ҳам аз он сӯҳбат мекунад, ки наврӯзро дар хонаводааш чӣ гуна ҷашн мегирад.

Шаҳомати хоси ҷашнгоҳҳои Рашт ва Хуҷандро низ хоҳем шунид. Ва Хоруғу Кӯлоб низ.

Ба аспрез (ипподором)-и Душанбе меравем ва бубинем, ки кадом аспе ва аз кӣ дар сабқати аспдавонии он ҷо пирӯз омад.

Шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ дар сӯҳбати телефонӣ аз Бухоро ҳамагонро табрик гуфт.

Ҳамаи ин ва сӯҳбату таронаву табрикоти зиёди дигаре дар барномаи наврӯзии Озодӣ. Бишнавед!

Navruz in Tajikistan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:34 0:00
XS
SM
MD
LG