Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Made in Tajikistan: Бобои Наврӯз


Барои бори аввал дар Наврӯзи имсол кӯдакону ҷавонони тоҷик тӯҳфаҳои баҳориву наврӯзиро аз дасти Бобои Наврӯз, як марди
солхӯрдае бо риши сафед ва бо ҷомаи рангаву асои пургул қабул мекунанд.

Аз ин ба баъд дар ҷашни наврӯзӣ дар баробари Суманаку Маликаи баҳор, шумо Бобои Наврӯзро хоҳед дид.

Бобои Наврӯз дар аввал мехост бо табдилёбӣ ба Бобои Наврӯз фарзандони худро хушҳол созад. Аммо баъдан ӯро ба яке аз мактабҳои кишвар даъват карданд, сипас ба дуввуму севвум, хулоса ҳоло бозори, ба истилоҳ, «заказ»-и Бобо хеле гарм аст.

Ҳангоме ки мо бо суолҳои зиёд ба мулоқоти Бобои Наврӯз мешитофтем, фаҳмидем, ки на танҳо мо, балки кӯдакони зиёди дигар низ ӯро суолборон мекунанд, ва Бобо бо тамкин ба ҳар яки онҳо посух мегуфт.

Посухҳои Бобои Наврӯзро ба ҳамаи ин суолҳо бо пахши рамзи аудио метавонед бишнавед.
XS
SM
MD
LG