Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маҳалли баргузории ҷашни Наврӯз


Имрӯз аз ду таркиши ҷудогона дар шарқи Афғонистон 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти давлати Афғонистон мегӯянд, як мошини бомбагузоришударо ҳамлавари худкуш дар назди постгоҳи ноҳияи Чапафар дар шарқи вилояти Нангарҳор мунфаҷир кард. Бар асари он шаш нафар кушта шудаанд. Дар Хост, як таркиш дар маҳалли ҷашни Наврӯз ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи он панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG