Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари нави Мадагаскар савганд ёд кард


Раҳбари табаддулот дар Мадагаскар, Андрӣ Раҷолина имрӯз ба ҳайси президенти нави ин кишвар савганд ёд кард. Расми савганди ӯ дар бузургтарин варзишгоҳи Антананариво бо ширкати 40 000 нафар аз тарафдоронаш баргузор шуд. Райолена бо пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ президенти собиқи Мадагаскар, Марк Раваломананаро аз мақомаш барканор кард.
XS
SM
MD
LG